Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пешбарии номзадҳои курсии парламенти Эрон оғоз ёфт


Телевизиони Эрон аз қавли вазорати корҳои дохилии ин кишвар овардааст, ки имрӯз 385 нафар барои сабқат дар интихоботи парламентии Эрон номнавис шуданд. Интихоботи 14-уми мартро ҳамчун раъйи эътимод ба президент Маҳмуди Аҳмадинажод арзёбӣ мекунанд. Баъди як ҳафтаи Шӯрои нигаҳбони муҳофизакор таҳқиқи номзадҳои пешбаришударо шурӯъ мекунад. Соли 2004-ум дар ҳамин гуна интихобот шӯрои мазкур ҳазорҳо довталабро аз сабқат маҳрум карда, пирӯзии муҳофизакоронро таъмин карда буд.
XS
SM
MD
LG