Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Имрӯз ҳудуди 3,4 миллион шаҳрванди воҷиди шароити Гурҷистон дар интихоботи президентии ин кишвар иштирок карданд.

Гуфта мешавад, аз 22 нафаре, ки сараввал номзадиашонро ба мақоми президентӣ гузошта буданд, то рӯзи интихобот бо сабабҳои мухталиф 15 нафар аз идомаи мубориза ба ин мақом мунҳариф шуданд. Дар ҳамин ҳол як рӯз қабл аз интихобот Михаил Саакашвилӣ, раисиҷумҳури Гурҷистон, бар тибқи қавонини кишвар аз мансаби худ истеъо дод. Ин вазифаро феълан раиси порлумони кишвар Нино Бурҷанадзе муваққатан ба уҳда дорад.
Дар ҳамаи назархоҳиҳое, ки ахиран дар ин кишвар гузаронида шуданд, президенти кунунии ин кишвар Михаил Саакашвилӣ дар ҷои аввал ва номзад аз ҳизбҳои эътилофи мухолифи ҳукумат Леван Гачечиладзе дар ҷои дувум қарор дорад. Барои Саакашвилӣ феълан вазифаи муҳим ин аст, ки дар даври аввал беш аз 50 дарсади раъйҳоро касб намуда, аз баргузории даври дувуми интихобот ҷилавгирӣ кунад.
Ҳамзамон бо интихоби президент гурҷистониҳо бояд дар мавриди вуруди ин кишвар ба паймони НАТО ва зарурати баргузории интихоботи порлумонии баҳори соли 2008-ум назари худро ироъа кунанд.
Интихоботи Гурҷистонро дар ҳамин ҳол садҳо нозири хориҷӣ муроқибат карданд.
Раиси бахши гурҷии Радиои Озодӣ Давид Какабадзе, ки феълан дар Гурҷистон аст, мегӯяд, баъзе гузоришҳо дар бораи хилофкориҳо дастрас шудааст: «Гузоришҳо дар бораи хилофкориҳои фаннӣ дар баъзе минтақаҳо нашр шудааст. Ҳамчунин баъзе ҳавзаҳои интихоботӣ дер боз шудаанд. Хабарнигорамон дар як минтақа иттилоъ дод, ки мансабдорони комиссияи интихоботии яке аз минтақаҳо шикоятҳои нозиронро нодида гирифтаанд».
Какабадзе меафзояд, ки ду рӯз инҷониб дар Гурҷистон барф меборад ва рафтуомади мардум ҳатто дар шаҳри Тбилисӣ, пойтахти кишвар, ба мушкилиҳо мувоҷеҳ мебошад.
Интихоботи президентии Гурҷистон пеш аз вақти муқарраршуда барпо шуд.
Моҳи ноябр баъди бо истифода аз зӯр пароканда намудани раҳпаймои эътирозии мухолифин қаҳру ғазаби мардум боло рафта, аз Саакашвилӣ садоқат ба демократия тақозо шуд.
Саакашвилӣ мегӯяд, ҳар фарди ин кишвар бояд эҳсос кунад, ки сарнавишти Гурҷистон дар дасти ӯст. « Интихоботи имрӯза собит мекунад, ки сарнавишти Гурҷистон чи гуна ҳал мешавад. Ин интихоботи маъмулӣ нест. Ман аз ҳамватанон даъват мекунам, ки, сарфи назар аз ҳавои бад ва мушиклиҳои дигар, ба ҳавзаҳои интихоботӣ омада, дар ҳалли сарнавишти кишвар саҳм гиранд».
Дар ҳамин ҳол номзади мухолифин Гачечиладзе мегӯяд, пайравони ӯ ҳозиранд, ба ҳар гуна иғво аксуламал нишон диҳанд: «Рӯҳияи мо хуб аст ва мо ба мубориза омодаем. Ман ба тарафдории "Гурҷистони ягонаву ва беҳтарин" овоз додам. Дар ин интихобот мардум фаъъол аст. Дар ҳақиқат баъзе хилофкориҳо ҷой доранд, вале пойгоҳи мо ба аксуламал омадааст».
Раҳбари гурӯҳи нозирони САҲА конгрессмени амрикоӣ Алсӣ Ҳастингс изҳори умед кард, ки рӯзе Гурҷистон узви оилаи Авроатлантикӣ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG