Пайвандҳои дастрасӣ

Бар асари фурӯд омадани тарма дар ноҳияи Нуробод, 160-километрии шарқии шаҳри Душанбе, 4 нафар ба ҳалокат расиданд.

Чунонки хабарнигори родиюи «Озодӣ» ба истинод ба таъйиди бахши Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ дар минтақаи Рашт хабар медиҳад, чаҳор нафар сарнишини як мошини сабукрав – Уктам Воҳидов, доктои улуми иқтисодӣ, профессори Донишгоҳи славянии Тоҷикистону Русия, писари ӯ Шуҳрат Воҳидов, инчунин донишҷӯёни ҳамин донишгоҳ Фаридун Назаров ва Саймиддини Ҷононзода – дар 4-километрии мавзеъи Лаби ҷари шоҳроҳи Душанбе – Хоруғ зери тарма монданд.
Бар асари ин ҳодисаи табиъӣ ҳамаи 4 нафар, ки озими ноҳияи Тавилдара будаанд, ҳалок шуданд.
Дар ҳамин ҳол фурӯдоии тарма, ки роҳро бастааст, ҳаракати нақлиётро дар ин минтақаи шоҳроҳ комилан номумкин кардааст.

Озодӣ дар Ютуб

Агар сухане, назаре ё хабаре доред, бемалол ба мо занг занед ё SMS (паёмак) фиристед:

Дар Душанбе:

+992 988 65 94 63
+992 988 65 94 64

Дар Прага:

+420 724 053 959

XS
SM
MD
LG