Пайвандҳои дастрасӣ

Покистон аз пажӯҳишгоҳи бӯҳронҳо норозист


Покистон як пажӯҳишгоҳи байналмилалиро бо "ташвиқи ошӯб" муттаҳам кардааст. Гурӯҳи байналмилалии пажӯҳиши бӯҳронҳо, ки дар Брусел қароргоҳ дорад, гузорише ба табъ расонда, аз президенти Покистон Парвез Мушарраф даъват кард, пеш аз интихоботи парламентии ин кишвар ба истеъфо равад. Гурӯҳ "масъулияти ҷиддии президент Мушарраф"-ро ҳамчун яке аз дар куштори раҳбари мухолифин хонум Беназир Бҳутто арзёбӣ кардааст. Пажӯҳишгоҳи ёдшуда бар ин назар аст, ки агар президент Мушарраф ба истеъфо наравад, Покистон ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ хоҳад афтид. Исломобод мегӯяд, барои баровардани чунин хулосаҳо гурӯҳи пажӯҳиши бӯҳронҳо донишу малаки кофии умури Покистонро надорад.
XS
SM
MD
LG