Пайвандҳои дастрасӣ

55 700 доллар барои як моҳӣ


Имрӯз дар Токио соҳиби як сушӣ-ресторани Ҳонг Конг ба маблағи 55 700 доллар як моҳии тюнаи кабудболро харидорӣ намуд. Моҳӣ 276 килограмм вазн дошта, дар минтақаи ҷанубии Аомории Япония (Ҷопон) ба тӯри моҳидорон афтидааст.
Як килограмм тюнаи кабудбол дар бозор 2020 доллар нарх дорад.
Дар ҳар сурат то кунун касе бо чунин маблағи бузург тюнаи кабудбол нахарида буд. Таҳкими назорати байналмилалии сайди тюна боиси коҳиши таъмини ин навъи моҳӣ дар бозорҳо гардидааст.
XS
SM
MD
LG