Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифин истеъфои президенти Кенияро талаб доранд


Раҳбари мухолифини ҳукумати Кения Раила Одинга даъват кардааст, ки истеъфои президенти ин кишвар ҳамчун бахше аз ҳар гуна кӯшишҳои миёнаравӣ дар ҳалли бӯҳрони сиёсии ин кишвар арзёбӣ шавад. Ин аст посухи мухолифин ба пешниҳоди президенти Кения Мвайӣ Кибакӣ.
Президенти Кения ҳангоми мулоқот бо фиристодаи ИМА Ҷендайӣ Фрейзер гуфт, ки барои ҳалли баҳси интихоботӣ ба ташкили "ҳукумати ваҳдати миллӣ" омодааст.
СММ аз сарнавишти ҳазорҳо сокини Кения, ки баъди интихоботи президентӣ ба тарки хонаҳояшон маҷбур шудаанд, нигарон аст.
Ба қавли сухангӯи СММ хушунате, ки дар паи интихоботи раёсатҷумҳурии Кения оғоз ёфт, наздик ба 250 000 нафарро ба тарки маҷбурии макони зисташон водор намуд. Дар ин байн мансабдорони барномаҳои башарии СММ изҳор намуданд, ки дар водии Рифт 100 000 нафар ба бо камбуди ғизо, об ва паноҳгоҳ мувоҷеҳ буда, ба кумаки фаврӣ эҳтиёҷ доранд.
Издиҳоми мухолифини ҳукумат талаб доранд, ки раъйдиҳӣ аз нав доир шавад.
Назар ба иттилои расмӣ дар интихоботи 27 декабр президенти кунунӣ Мвайӣ Кибакӣ пирӯз шуд. Дар бархӯрдҳое, ки баъди ин маърака шурӯъ шудааст, беш аз 300 кас ба ҳалокат расиданд. Нозирони байналмилалӣ мегӯянд, ки интихоботи президентии Кения ҷавобгӯи меъёрҳои демократӣ набуд.
XS
SM
MD
LG