Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

15 соли зиндони "Махсуми Маҳдӣ"


Кароматулло Қурбонов
Кароматулло Қурбонов

Додгоҳи олии Тоҷикистон собиқ фармондеҳи Фронти халқӣ М. Назаровро бо ҷурми даст доштан дар қатли овозхон Кароматулло Қурбонов равонаи зиндон кард.

Маҳмадмаҳдӣ Назаров, ки лақаби "Махсуми Маҳдӣ"-ро доштааст, дар содир намудани як қатор амали зишт дар даврони нооромиҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон гунаҳкор дониста шудааст. Ба гуфтаи Додгоҳи олӣ, вай аз ҷумла дар куштори сарояндаи машҳури тоҷик Кароматулло Қурбонов дар таърихи 17 октябри соли 1992 ҳамдастӣ доштааст.

Гуфта мешавад, Маҳмадмаҳдӣ Назаров дар даврони задухурдҳои низомии солҳои 90-ум мушовири фармондеҳи бахши Фронти халқӣ дар Ёвон Восит Самадов – қотили дигари Кароматулло Қурбонов будааст. Вай баъдан намояндагии Фронти халқӣ дар ноҳияи Тоҷикободро бар уҳда доштааст.

Тибқи иттилоъи Додгоҳи олӣ, ҳамроҳ бо Маҳмадмаҳдӣ Назаров ҳамчунин ҳамяроқони ӯ - Мурод Саидов ва Мирзо Муллоев 14 солӣ ҳукми зиндон гирифтанд.

XS
SM
MD
LG