Пайвандҳои дастрасӣ

Майк Ҳакебӣ ва Барак Обама дар нахустин озмун баранда шуданд, вале оё онҳо ин пирӯзиро то охир ҳифз хоҳанд кард?

Нидоҳои пирӯзии барандагон дар нахустин интихоботи дохилиҳизбии номзадҳо ба мақоми президенти Амрико дар аёлати Айова ончунон баланду пурҳаяҷон буданд, ки бо шунидани онҳо кас фикр мекунад, ғалаба на дар байни як теъдод аз ҳамҳизбиёни онҳо, балки дар саросари мамлакат ба амал омада, онҳо аллакай президенти Иёлоти Муттаҳида интихоб шудаанд. Майк Ҳакебӣ, беҳтарин номзади ҷумҳурихоҳони Айова: "Имшаб мо шоҳиди рӯзи наве дар сиёсати Амрико шудем. Чунин рӯзи нав як зарурати сиёсати Амрикост, ҳамчунон як зарурати ҳукумати Амрико. Рӯзи нави мо имшаб дар ин ҷо, дар Айова сар шуд, вале дар ин ҷо тамом намешавад, балки аз хилоли ҳамаи аёлатҳо гузашта, дар Кохи Сафед ба итмом хоҳад расид."

Ҳакебӣ дар Айова аз обрӯи худ ҳамчун волии пешини як аёлати дигари асосан рустоӣ, Арканзас ва ҳамчун собиқ рӯҳонии баптист истифода кард ва пуштибонии 34 %-и овоздиҳандагони ҷумҳурихоҳро ба даст овард. Ин ҳам дар ҳоле ки рақиби асосии вай, низ собиқ волии вилоят ва узви барҷастаи калисои мормон беш аз ҳар каси дигар барои таблиғот сармоя ба харҷ дод.

Дар байни демократҳо, Барак Обама баранда гардид ва гуфт, аз умеду тарс умед ва аз тафриқаву ваҳдат ваҳдатро баргузидааст, то паёми қавие фиристад, ки Амрикоро дигаргуниҳо дар пешанд. Обама, узви Сенати Амрико, вожаҳои "умед" ва "таолӣ"-ро шиор намуда, пуштибонии 38 %-и демократҳои Айоваро ҷалб кард ва рақибонаш Ҷон Эдвардс, собиқ номзади ноибпрезидентӣ дар интихоботи соли 2004 ва Ҳилларӣ Клинтон, сенатор аз Ню Йоркро шикаст дод. Акнун суол ин аст, ки оё пирӯзмандони Айова метавонанд, ин пешсафиро дар ҳафтаҳову моҳҳои оянда дар 50 аёлати боқимондаи Амрико нигоҳ доранд ва дар анҷуманҳои умумии ҳизбҳои худ ба номзади ягонаи ин аҳзоб табдил ёбанд? Интихоботчаи навбатии дохилиҳизбӣ рӯзи сешанбе дар аёлати Ню Ҳампшир барпо мешавад ва ҳамаи номзадҳо, ба истиснои ду демократ -- Ҷо Байден ва Крис Додд, ки аз идомаи сабқат даст кашиданд, ба ин ҷо раҳсипор шуданд.

Анҷумани умумии Ҳизби демократ охири моҳи авшуст дар Денвери Колорадо ва анҷумани умумии ҷумҳурихоҳон аввали сентябр дар Миннеаполиси аёлати Миннесота баргузор мешаванд. То он вақт таносуби раъйҳо мумкин аст, тағйир кунад, зеро Айова баёнгари вазъи куллии ҳамаи кишвар нест. Ҳарду баранда, ҳам Ҳакебӣ ва ҳам Обама дар Айова нутқи олӣ ва мантиқи қавӣ нишон доданд. Аммо ҳарду як заъф доранд, ки дар сиёсати хориҷӣ рушану қавӣ нестанд. Дар айни замон, мардуми Айова, ки ҳаргиз занеро ба Конгресс интихоб накардаанд, мумкин аст, аз ин ҷо ба қадри ягона зан дар интихобот, Ҳилларӣ Клинтон, нарасиданд. Вай аз Обама қариб даҳ дарсад камтар овоз гирифт. Аммо умедро аз даст надодааст ва ҳамзамон бо идомаи интихоботҳои ибтидоии дохилиҳизбӣ набарди таблиғотӣ нирӯ ва ҳаяҷони бештар касб мекунад.
XS
SM
MD
LG