Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти чаҳор нафар дар Диёрбоқири Туркия


Пулиси Туркия чаҳор нафарро дар робита бо бамгузории рузи панҷшанбе, ки панҷ нафарро дар Диёрбоқир кушта бар ҷой гузошт, боздошт кардааст. Диёрбоқир шаҳри аслии курднишин дар ҷануби Туркия аст. Дар ин инфҷор 68 нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд. То ҳол касе ё созмоне масъулияти ин бамгузориро бар уҳда нагирифтааст. Вале мақомоти интизомии Туркия ҳадс мезананд, ки ин кори дасти Ҳизби Коргарии Курдистон ё Пи Кей Кей аст.
XS
SM
MD
LG