Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бозрасони бритониёӣ вориди Исломобод шуданд


Ҳайати бозрасони бритониёӣ вориди Исломобод шуд, то дар расидагӣ ба куштори Беназир Бҳутто ба мақомоти Покистон кумак кунад. Мақомоти Покистон дар гузориши худ гуфтанд, Беназир дар аснои суиқасд талош кардааст наҷот ёбад ва дар ҳамин асно сараш зарб хурдааст ва аз ин зарба ҷон додааст. мақомоти Покистон дар ин суиқасд ҳамчунин афроди Ал-Қоъидаро муттаҳам донистаанд. Аммо Ҳизби Беназир Бҳутто мегуяд, ки вай аз захми ду тир ҷон додааст. Парвиз Мушарраф мегуяд, барои он бозрасони бритониёиро даъват кардааст, ки онҳо ба ҳар гуна шубҳа дар бораи даст доштани ҳукумат дар куштори хонум Бҳутторо расидагӣ кунанд.
XS
SM
MD
LG