Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Обама ва Ҳакебӣ дар нахустин райдиҳӣ пируз шуданд


Дар Амрико Ҳизби Демократ ва Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар ҷаласаҳои аёлатии худ дар Айова номзадҳои худро ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ муъарефӣ карданд. Аз Ҳизби Демократ Борак Обама бо 37,6, Ҷон Эдвардз бо 29,8 ва Ҳилларӣ Клинтон бо 29,5 дарсади орои ширкаткунандагони ҷаласаи ҳизбии аёлатӣ ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шуданд. Аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ дар ҳамин аёлат Майк Ҳакебӣ 34, Митт Ромнӣ 25 ва Фред Томпсон 13 дарсад рай ба даст оварданд ва аз ин ҳизб номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ пешниҳод шуданд. Ин гуна ҷаласаҳо дар 50 аёлат баргузор мешавад ва саранҷом аз ҳар ҳизб як нафарӣ номзад дар интихобот ширкат мекунанд. Борак Обама аз Ҳизби Демократ қавл дод, ки агар вай дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Амрико пируз шавад, нахустин раиси ҷумҳури сиёпуст хоҳад буд ва тағироту ваҳдат ба Амрико хоҳад омад. Майк Ҳакебӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ва собиқ волии Арканзас гуфт, пирузии вай оғози ба истилоҳи худаш "Рузи Нав" дар сиёсати Амрикост.
XS
SM
MD
LG