Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Хонаҳои тангтарини ҷаҳон


Маҷаллаи Форбс феҳраси 20 шаҳри ҷаҳонро, ки зичии аҳолӣ дар онҳо бештар аз ҳар шаҳри дигари ҷаҳон будааст, нашр кард.

Шонздаҳ шаҳр аз ин рӯйхат дар Осиё ҷойгир шуда будаанд. Панҷ шаҳр аз ин феҳрас аз Ҳиндустон ва 4 шаҳри дигар аз Чин намояндагӣ мекунанд. Чаҳор шаҳри дигар дар Африқо ва Амрикои Ҷанубӣ ҷойгир шудаанд. Дар ин феҳрас ягон шаҳр аз Аврупо, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия ва Канада нест.


Феҳрас ба ин тариқа аст:

1. Мумбай, Ҳиндустон. Масоҳати умумӣ: 484 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 29 650 одам. Аҳолӣ: 14 миллону 350 ҳазор.

2. Калкутта, Ҳиндустон. Масоҳати умумӣ: 531 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 23 900 одам. Аҳолӣ: 12,7 миллион.

3. Қарочӣ, Покистон. Масоҳати умумӣ: 518 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 18 900 одам. Аҳолӣ: 9,8 миллион.

4. Лагос, Нигериё. Масоҳати умумӣ: 738 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 18 150 одам. Аҳолӣ: 13,4 миллион.

5. Шэнчжэн, Чин. Масоҳати умумӣ: 466 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 17 150 одам. Аҳолӣ: 8 миллион.

6. Сеул, Кореяи Ҷанубӣ. Масоҳати умумӣ: 1049 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 16 700 одам. Аҳолӣ: 17,5 миллион.

7. Тайбэй, Тайвань. Масоҳати умумӣ: 376 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 15 200 одам. Аҳолӣ: 5,7 миллион.

8. Ченнай, Ҳиндустон. Масоҳати умумӣ: 414 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 14 350 одам. Аҳолӣ: 6 миллион.

9. Богота, Колумбиё. Масоҳати умумӣ: 518 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 13 500 одам. Аҳолӣ: 7 миллион.

10. Шанхай, Чин. Масоҳати умумӣ: 746 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 13 400 одам. Аҳолӣ: 10 миллион.

11. Лима, Перу. Масоҳати умумӣ: 596 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 11 750 одам. Аҳолӣ: 7 миллион.

12. Пекин, Чин. Масоҳати умумӣ: 748 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 11 150 одам. Аҳолӣ: 8,6 миллион.

13. Деҳлӣ, Ҳиндустон. Масоҳати умумӣ: 1295 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 11 050 одам. Аҳолӣ: 14,3 миллион.

14. Кинсаха, Конго. Масоҳати умумӣ: 469 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 10 650 одам. Аҳолӣ: 5 миллион.

15. Манила, Филиппин. Масоҳати умумӣ: 1399 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 10 550 одам. Аҳолӣ: 14,7 миллион.

16. Теҳрон, Эрон. Масоҳати умумӣ: 686 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 10 550 одам. Аҳолӣ: 7,2 миллион.

17. Ҷакарта, Индонезия. Масоҳати умумӣ: 1360 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 10 500 одам. Аҳолӣ: 14,2 миллион.

18. Тянчжин, Чин. Масоҳати умумӣ: 453 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 10 500 одам. Аҳолӣ: 4,8 миллион.

19. Бангалор, Ҳиндустон. Масоҳати умумӣ: 534 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 10 100 одам. Аҳолӣ: 5,4 миллион.

20. Хошимин, Вйетнам. Масоҳати умумӣ: 518 километри мураббаъ. Шумори аҳолӣ дар як километри мураббаъ: 9 450 одам. Аҳолӣ: 4,9 миллион.

XS
SM
MD
LG