Пайвандҳои дастрасӣ

Намояндаи Амрико ба Найробӣ меравад


Вашингтон ба хотири мусоидат дар ҳалли бӯҳрони Кения намояндаи вижаи худро ба ин кишвар мефиристад. Ба иттилоъи вазорати хориҷаи Амрико, ёвари Котиби давлатӣ Ҷандаӣ Фрайзер бо раиси ҷумҳури Кения Кибакӣ ва раҳбари мухолифин Одинга мулоқотҳо анҷом хоҳад дод, то мавқеъҳои онҳоро ба ҳам наздиктар созад.

Дирӯз пулис ба хотири пароканда кардани тазоҳуроти мухолифони ҳукумат дар пойтахти кишвар Найробӣ аз гази ашковар истифода кард. Бар асари бенизомиҳо дар Кения, ки баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳур ба вуқуъ пайвастанд, дасти кам 300 нафар ба ҳалокат расиданд. Раиси ҷумҳур Кибакӣ худро барандаи интихобот эълон кард ва аммо мухолифин ӯ ва атрофиёнашро дар тақаллуби раӣъҳо айбдор мекунад. Раҳбарони мухолифин мехоҳанд, бо вуҷуди ҳушдори мақомот, имрӯз ҳазорҳо ҷонибдоронашонро дар як ҳамоиши эътирозӣ дар маркази Найробӣ ҷамъ оваранд
XS
SM
MD
LG