Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Калимаи «Ленинобод» дар се нашрияи асосии ҳукумати Суғд, ки бо се забон: тоҷикӣ, узбакӣ ва русӣ бо номҳои «Ҳақиқати Ленинобод», «Ленинабадская правда» ва «Ленинобод ҳақиқати» ба табъ мерасид, бо қарори раиси устон ба вожаи «Суғд» иваз карда шуд.

Нахустин шумораҳои нашрияҳои мазкур дар соли 2008 бо номҳои нави «Ҳақиқати Суғд», «Согдийская правда», «Суғд ҳақиқати» ба нашр расид.

Файзулло Атохоҷаев – муовини сардабири нашрияи «Ҳақиқати Суғд» гуфт, ки тағйири номи нашрияаш бо талаби муштариён ва тақозои ҳайъати эҷодӣ буд. Вай афзуд, ивази ном аз он ҷиҳат муфид хоҳад буд, ки нашрияаш ба хотири ҷалби бештари муштариён ҳамчунин ба тағйири шаклу намуд ва мазмуну мундариҷа низ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.

Дар ҳоли ҳозир, се нашрияи ҳукумати Суғд дар маҷмӯъ бо теъдоди умумии наздики 10 ҳазор нусха ҳафтае ду маротибаӣ ба чоп мерасад.

Назари рӯзноманигорон

Бисёр рӯзноманигорон ва соҳибназарони Суғд аз ивази номи нашрияҳои ҳукуматии устон истиқбол кардаанд. Онҳо мегӯянд, ки шояд, ин иқдом оқибат нашрияҳои асосии ҳукумати Суғдро барои берун омадан аз қолабҳои тангу тори шакл ва мазмуну муҳтаво таҳрик бахшад.

Абдулмаҷиди Бобоҷониён – сардабири нашрияи «Суғдиён» ин рӯйдодро иқдоме деринтизор ва идомаи мантиқии ҳодисаи дар соли 1991 ба тариқи раъйпурсӣ соҳиб шудани шаҳри Хуҷанд ба номи таърихии худ бар ивази номи сохтаи Ленинобод номид ва гуфт, ки:

«Аммо ивази ном он маъниро надорад, ки аллакай мо ба ягон чиз муваффақ шудем. Акнун муҳим ин аст, ки нашрия аз ҷиҳати мазмуну мундариҷа ва муҳтавониз ба номи нав сазовор мегардад ё не? Ин масъала акнун дар назди ҳайати эҷодии нашрия меистад.»

Оқои Бобоҷониён афзуд, ки дар ҳоли ҳозир, нашрияи «Ҳақиқати Ленинобод» аксаран ҳисоботҳои хушку якранги мақомот ва дигар матолиби обшуста ба нашр мерасонад, аммо мавзӯъву матолиби доғи рӯз ва гуфтаниҳои афроди оддӣ дар саҳифаҳои он камтар ҷой меёбанд.

Зимнан, шумораи нахустини имсолаи «Ҳақиқати Суғд» низ умдатан аз матолиби якранг ва ҳисоботӣ ва мақолаҳои мутантану таърифӣ аз корномаҳои ҳукуматҳои марказиву маҳаллӣ дар соли гузашта фароҳам омадааст.

Назари Ҳизби коммунист

Масъулини Ҳизби коммунист дар Суғд мегӯянд, ки ба ин гуна номивазкуниҳои нав хуш надоранд. Қурбонгул Мирзоева – аз масъулини ҳизби коммунисти Суғд гуфт, дар соли 2001 Ҳизби коммунист ба табдили унвони вилояти Ленинобод ба вилояти Суғд мухолиф буд. Ба ақидаи хонум Мирзоева, номҳо ва ёдгориҳои таърихии бозмонда аз даврони Шӯравӣ, аз қабили номҳои кӯчаву хиёбонҳои ба номи болшевикон ва пайкараҳои доҳиёни шӯравӣ бояд чун нишоне аз як пораи таърихи тоҷикон нигаҳ дошта шаванд. Вай ҷонибдори чунин ақида аст, ки танҳо тағйири ном, масалан, барои як нашрия дар миёни расонаҳои дигар бартарие намедиҳад ва нуфузи онро баланд намебарад.

Таърихчаи номивазкуниҳои Хуҷанд …

Шаҳри Хуҷанд – маркази устони Суғд дар соли 1991 ба тариқи раъйпурсӣ номи таърихиашро бар ивази Ленинобод дубора соҳиб шуд. Зимнан, ба ин хотир рӯшанфикрон ва соҳибаназарони Суғд дар маркази устон ҳаракате бо номи «Эҳёи Хуҷанд» таъсис дода буданд. Пас аз даҳ сол, дар соли 2001 бо пешниҳоди раисҷумҳури Тоҷикистон вилояти Ленинобод - вилояти Суғд номгузорӣ шуд. Инчунин, дар тӯли беш аз 15 сол дар устони Суғд ба як идда шаҳру навоҳӣ ва кӯчаву хиёбонҳои устон номҳои таърихиашон баргардонида шуданд.

Бо ин вуҷуд, теъдоде аз шаҳру навоҳӣ, кӯчаву хиёбонҳо ва корхонаву муасссисаҳо бо номҳои шӯравии худ боқӣ мондаанд. Кӯчаи марказии Хуҷанд ҳанӯз ҳам номи Ленинро дорад ва дар соҳили рӯди Сир пайкараи 20 - метраи доҳии коммунистҳо ва зимнан аз бузургтарин пайкараҳои вай дар қаламрави шӯравии собиқ, ҳанӯз ҳам побарҷост.

… ва нашрияи «Ҳақиқати Суғд»

Нашрияи «Ҳақиқати Суғд» дар соли 1930 дар шаҳри Хуҷанд ба ҳайси органи Ҳизби коммунист, вале бо номи дар давраи муборизаи қаттоли режими Шӯравӣ барои ташкили хоҷагиҳои коллективӣ маъмул - «Роҳи колхозчӣ» таъсис ёфтааст. Сипас то соли 1948 боз шаш маротиба номи ин нашрияи асосии устони Суғд ( дар он замон - вилояти Ленинобод) дастхуши ҳаводиси сиёсии айём гаштааст. Ба гуфтаи соҳибназарон, таърихи номҳои ин нашрия ба худии худ бозгӯи давраҳои пуршӯру шари замони шӯравист: «Роҳи колхозчӣ», «Колхозчӣ», «Пролетари Хуҷанд», «Болшевики Хуҷанд», «Бо роҳи ленинӣ», «Стахановчӣ» ва ниҳоят дар 1 январи соли 1948 – «Ҳақиқати Ленинобод».

Ба ҷои охирсухан

Рӯзноманигорон ва соҳибназарони Суғд мегӯянд, агар мақомот ҳамзамон бо тағйири номи нашрияи асосиаш – «Ҳақиқати Суғд» худро аз масъулияти таъмини теъдоди зиёди обунаи иҷборӣ ба он ҳам сабукдӯш мекард, ба қавле «нуран ало нур» мешуд. Он гоҳ роҳеву шароите барои табдили «Ҳақиқати Суғд» ба як нашрияи мустақилу хонданӣ ва ҳамқадаму инъикосгари масоили доғи рӯз боз мегашт. Ба қавле, дар баҳри рақобати расонаҳои чопӣ дасту пое мезад ва ба худ ҷойгоҳи сазоворе ва муштариву хонандаҳое пайдо мекард.

Аммо дар ҳоли кунунӣ мақомот кормандони муассисаву корхонаҳои давлатиро иҷборан ба нашрияҳои ҳукуматӣ обуна мекунад ва бо ин амали худ ба нашрияҳои заъифу якранг ва ба таъбире – минбарҳои ситоишу санохонӣ ба ҳукумат умри бардавом мебахшад.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG