Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақвияти нерӯҳои хориҷӣ дар Афғонистон


Ҳукумати Лаҳистон мегӯяд, омода аст, моҳҳои апрел ва ё май ба Афғонистон 400 сарбози тозанафас бифристад ва ҳамчунин қасд дорад, фармондеҳии нерӯҳо дар вилояти Пактикоро бар ӯҳда бигирад. Вазири дифоъи Лаҳистон Богдан Клич гуфт, кишвараш бо Паймони Атлантики Шимолӣ музокирот роҷеъ ба ҷойивазкунии нерӯҳояш дар Афғонистонро оғоз кардааст ва охири ҳамин моҳ дар Вашингтон роҷеъ ба фармондеҳии нерӯҳо дар вилояти шарқии Пактико музокирот анҷом хоҳад дод. Богдан Клич гуфт, дастури афзоиши теъдоди нерӯҳои Лаҳистон дар Афғонистонро содир кардааст. Лаҳистон дар Афғонистон 1200 сарбоз дорад.
XS
SM
MD
LG