Пайвандҳои дастрасӣ

Нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ барои нахустин бор ба сатҳи рекордии 100 доллар барои як баррел расид, вале рӯзи 3-ми январ камтар аз як доллар арзон шуд.

Ҳоло арзиши як баррел нафт тақрибан 99 доллару 20 сентро ташкил медиҳад. Боло рафтани қимати нафт ва баръакс поён рафтани арзиши доллар бозорҳои ҷаҳониро дучори тағйирот кард ва аз ҷумла қимати тилоро ба таври бесобиқа боло бурд.

Ба гуфтаи тоҷирони нафт, чанд омил дар боло бурдани қимати нафт нақш доштааст, аз ҷумла тақозои зиёд ба нафт, поён рафтани арзиши доллар, нооромиҳо дар Нигерия, бузургтарин кишвари содиркунандаи нафти Африқо, ва танишҳо дар Покистону Кения.

Ҳарчанд дар гузашта афзоиши қимати нафт бино бар халалдор шудани содироти он сурат мегирифт, аммо ин дафъа тақозо ба нафт дар ду кишвари бузургтарини истеъмолкунандаи он, яъне Амрикову Чин, ва дар худи Ховари Миёна низ сабаби то ба 100 доллар расидани ҳар бушки нафт шудааст. Аз сӯи дигар, кишварҳои аслии содиркунандаи нафт, яъне ОПЕК, аз соли 2006 ҷараёни нафти худ ба бозори ҷаҳониро камтар карданд, то нагузоранд, ки қимати тилои сиёҳ поён равад.

Моҳи декабр созмони ОПЕК, бо вуҷуди тақозо ба нафт, мизони содироти он ба бозори ҷаҳониро бетағйир гузошт ва, ба иддаъои таҳлилгарон, дар нишасти ояндааш (1-уми феврал) низ кори зиёде барои поён бурдани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ нахоҳад кард.

Ҳарчанд дар авохири соли гузашта баъзе аз муомилакунандагони нафтӣ мегуфтанд, ки қимати нафт то ба ҳадди 100 доллар нахоҳад расид, аммо ҳоло тахмин мезананд, ки зоҳиран афзоиши қимати нафти хом дар бозори ҷаҳонӣ идома хоҳад кард, зеро бо вуҷуди гаронӣ талабот ба он камтар нашудааст.

Рӯзномаи "Уолл Стрит Ҷорнал" менависад, дар Амрико, ки иқтисодаш назар ба гузашта вазъи хубе надорад, талабот ба маҳсулоти нафтӣ кам нашудааст ва ташнагии иқтисоди дар ҳоли рушди Чин низ ба нафт ба зудӣ нахоҳад шикаст. "Уолл Стрит Ҷорнал" менависад, ки боло рафтани қимати нафт аз ҳама бештар кишварҳои камбизоатро гирифтори дарди сар хоҳад кард, зеро нархи дигар молу коло низ меафзояд.

Аммо нафти гаронарзиш сарвати кишварҳои Ховари Миёна, Русия ва Венесуэларо афзуда ва онҳоро қавитар хоҳад кард. Ҳарчанд иқтисоди ҷаҳонӣ болоравии қимати нафтро то кунун таҳаммул кардааст, вале қодир ба таҳаммули афзоиши бештари он нахоҳад буд.

Афзоиши нархи нафт, ба назари таҳлилгарон, метавонад як навъ тормозе барои иқтисоди ҷаҳонӣ бошад. Тағйире, ки қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ ворид кард, ин аст, ки қимати ҳар унсия ё бештар аз 31 грамм тилоро то ба ҳадди 900 доллар наздик овард.

Муомилакунандагони фулузоти қиматбаҳо мегӯянд, поён рафтани арзиши доллар ва гарон шудани қимати нафт сармоягузоронро метарсонад ва онҳо арсаҳои дигаре барои ҳифзи сармоя меҷӯянд ва аз ҷумла саросема тило харида қимати онро боло мебаранд.

XS
SM
MD
LG