Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷашнҳои шабона дар майдонҳои Душанбе мамнӯъ шуд


Шаҳрдории Душанбе таҷлили шабонаи ҷашнҳои пуршукӯҳи фарҳангиро дар майдону хиёбонҳои пойтахти Тоҷикистон мамнӯъ эълом кард.

Шавкат Саидов, сухангӯи раиси шаҳри Душанбе мегуяд, тибқи қарори вижаи шаҳрдорӣ дигар дар майдонҳои шаҳри Душанбе шабона ҳаргуна намоишҳою консертҳо баргузор намешавад. Ба қавли оқои Саидов, минбаъд, таҷлили шабонаи соли нави масеҳӣ ва ҳатто ҷашнгирии рузии истиқлолияти Тоҷикистон, ки қаблан бо шаҳомати хосса дар майдони Дустии пойтахт қайд мешуданд, манъ шудааст. Оқои Саидов афзуд, ин қарори шаҳрдории Душанбе ба маъракаҳои сиёсӣ, аз қабили намоишҳои ҳарбӣ дахл надошта, фақат гузаронидани маросимҳои фарҳангиро манъ мекунад.

Оқои Саидов мегуяд, шаҳрдори Душанбе ин қарорро дар асоси қонуни Тоҷикистон "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» ба тасвиб расонидааст.

Аммо ҳуқуқшиносон мегӯянд, қонун "Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо» таҷлили ҷашнҳоро дар хиёбону майдонҳои Тоҷикистон манъ накардааст. Шуҳрат Қудратов, як ҳуқуқшинос мегуяд, қарори вижаи шаҳрдори Душанбе навъе аз нақзи ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишвар аст. Ӯ мегуяд, ин қарори ҳукумати шаҳри Душанбе сокинони пойтахтро аз ҳақи таҷлил ва истироҳат дар рузҳои ид дар хиёбону майдонҳои Тоҷикистон маҳрум мекунад.

Раҳматулло Валиев, муовини раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон, ҷиноҳи Маҳмадрузӣ Искандаров мегуяд, ахиран шаҳрдории Душанбе аз он, ки Тоҷикистон як кишвари камбизоат мебошаду ҳатто дар пойтахташ реҷаи маҳдуди интиқоли нерӯи барқ ҷорист, шарм омадааст, то дар ин ҳоли бечорагии кишвар дигар ҷашнҳои пурдабдаба барпо накунанд.

Шаҳрдории Душанбе дар ҳоле ин қарорро ба тасвиб расонидааст, ки дар маросими ҷашнгирии Соли нави масеҳӣ дар майдони Дустии пойтахти Тоҷикистон мақомот ҳеҷ гуна ҳаводиси бетартибонаро мушоҳида накардаанд. Ва аз мардуме, ки барои пешвози Соли нав ба ин майдон рехта буданд, соати 21–и шаби фарорасии соли нави милодӣ, яъне 3 соат қабл аз замони вуруди соли нав хоҳиш кардаанд, ба хонаҳояшон рафта соли навро дар он ҷо ҷашн гиранд. Ин дар ҳолест, ки дар тамоми дунё шаҳрвандони ҳар кишвар иҷоза доранд, Соли навро дар майдонҳо таҷлил кунанд.

XS
SM
MD
LG