Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонҳои нави гуштии фарангии Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба гуштии фарангӣ ё юнониву румӣ дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии паҳлавонони пойтахти кишвар ва шаҳри Истаравшани вилояти Суғд ба анҷом расид.

Сабқати қаҳрамонӣ бо ширкати 72 гуштигир аз манотиқи мухталифи кишвар дар толори мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ баргузор шуд.
Дар рақобатҳои инфиродӣ 5 паҳлавон аз шаҳри Душанбе – Шерзод Исмоилов дар вазни то 55 кг, Хусрав Турсунов (то 74 кг), Алишер Баротов (то 84 кг), Ҳабиб Абдуллоев (то 96 кг) ва Акрам Тошев (то 120 кг) – ба дарёфти унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, соҳиби медалҳои тилои мусобиқот гардиданд. Ду паҳлавони шаҳри Истаравшан – Нуъмон Ризоев дар вазни то 60 кг ва Далер Каримов дар вазни то 66 кг – мақоми аввалро касб карда, ҳамчунин бо медалҳои тило сарфароз шуданд.
Лозим ба тазаккур аст, ки соли 2007 варзишгарони тоҷик дар риштаи гуштии фарангӣ ба як қатор дастовардҳо ноил шуданд. Мурод Тӯйчиев дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар Қирғизистон дар рақобатҳо дар вазни то 120 кг барандаи медали брунз гардид. Вай, ҳамчунин, дар як мусобиқаи байнулмилалӣ дар шаҳри Бишкеки Қирғизистон дар вазни мутлақ медали нуқра ба даст овард. Паҳлавони дигари тоҷик Шодӣ Баҳромов дар ин мусобиқа дар вазни то 120 кг соҳиби медали биринҷӣ шуд.
Ҳарду гуштигири тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG