Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кушташавии 2 қочоқгари мухаддирот


Дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон шаби 2-вуми январ ду қочоқгари афғонистонӣ кушта шуданд.
Бино бар хабари Садорати марказии қӯшунҳои сарҳадии КАМ-и Тоҷикистон, дар натиҷаи амалиёти вижаи марзбонони тоҷик дар минтақаи сарҳадии назди шаҳраки Панҷи поён 2 шаҳрванди Афғонистон, ки ҳангоми убури ғайриқонунии марз ба сарҳадбонони Тоҷикистон муқобилати мусаллаҳона намуданд, кушта шуданд.

Ожонси иттилоъотии «Ховар» бо истинод ба маркази иттилоъотии Садорати қӯшунҳои сарҳадии КАМ хабар медиҳад, ки ба узви севуми гурӯҳи қочоқгарон имкон даст додааст ба марзи кишвари худ фирор кунад.
Гуфта мешавад, ҳангоми амалиёти боздоштӣ аз ин ҷочоқгарони кушташуда 2 силоҳи Калашников ва 60 килограмм маводди мухаддир мусодира гардид.Дар ҳоли ҳозир аз рӯи ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот шурӯъ гардидааст.
XS
SM
MD
LG