Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Маркази омӯзишии мубориза бо қочоқи инсон дар Душанбе


Имрӯз дар назди факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нахустин маркази омӯзишиву тамринӣ оид ба омодасозии мутахассисони соҳаи мубориза бо қочоқи инсон дар Осиёи марказӣ боз гардид.
Бино бар хабари маркази иттилоъотии Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон, маркази мазкур бо дастгирии молии Созмони байнулмилалии муҳоҷират (СБМ) ташкил шудааст.
Имрӯз ҳамчунин тавофуқнома дар бораи ҳамкории байни факултаи ҳуқуқшиносии ДМТ ва СБМ ба имзо расид.
Дар маросими ифтитоҳи марказ аз ҷумла Трейсӣ Энн Ҷейкобсон, сафири ИМА дар Тоҷикистон, ва намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Созмони байнулмилалии муҳоҷират ширкат намуданд.
XS
SM
MD
LG