Пайвандҳои дастрасӣ

Шри Ланка созиши оташбас бо ошубгаронро лағв кард


Мақомоти Шри Ланка дар бораи қатъи созиши оташбас бо ошубгарони тамилӣ тасмим гирифтанд. Ин тасмим вокуниши ҳукумат ба боло рафтани сатҳи хушунат дар кишвар аст. Рӯзи чаҳоршанбе бар асари як таркиш дар пойтахт – шаҳри Коломбо чаҳор кас кушта ва 20 нафари дигар маҷрӯҳ шуданд.

Тайи 20 соли ахир, ки гурӯҳҳои мусаллаҳи тамилӣ барои ташкили давлати мустақил дар шимоли Шри Ланка мубориза мебаранд, бар асари задухурду ҳамлаҳои интиҳорӣ беш аз 70 ҳазор нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG