Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сабқати довталабон дар Айова


Имрӯз дар ёлати Айова интихоботи дохилиҳизбии номзадҳо ба мақоми президенти Иёлоти Муттаҳида баргузор мешавад. Вакилони анҷуманҳои Ҳизби демократӣ ва Ҳизби ҷумҳурихоҳон ба довталабони мақоми олии кишвар рой хоҳанд дод. Гуфта мешавад, ки аз Ҳизби демократ – Ҳиллари Клинтон, Барака Обама ва Ҷон Эдварс шонсҳои бештар доранд. Миёни ҷумҳурихоҳон Майк Ҳаккабӣ ва Митта Ромнӣ довталабони аслӣ маҳсуб мешаванд.

Баъд аз панҷ рӯз анҷуманҳои ҳизбҳо дар Ню-Ҳампшир баргузор хоҳанд шуд.
XS
SM
MD
LG