Пайвандҳои дастрасӣ

Ал-Қоида - масъули куштор дар Алҷазоир


Бахши созмони Ал-Қоида дар Африқои Шимолӣ масъулияти таркиш дар Алҷазоирро, ки бар асари он се кас кушта ва ҳафт нафар маҷрӯҳ шуданд, бар дӯш гирифт. Сабти овозии изҳороти намояндаи Ал-Қоида дар ин бора аз тариқи шабакаи телевизионии Ал-Арабия садо дод. Дирӯз дар канори шаҳри Носирия як маргталаб мошини ҳомили 50 кило маводи таркандаро дар қароргоҳи пулис мунфаҷир кард.

XS
SM
MD
LG