Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пазироӣ аз ҷалби Лондон ба тафтиши қатли Бҳутто


Иёлоти Муттаҳида тасмими мақомоти Покистон барои ба тафтиши қазияи куштори сарвазири пешини кишвар Беназир Бҳутто ҷалб кардани пулиси Бритониёро хуш пазируфт. Дана Перино, сухангӯи Кохи Сафед гуфт, ки Бритониё дар тафтиши ин гуна ҳаводис таҷрибаи бой андӯхтааст.

Дирӯз раисиҷумҳури Покистон Паривз Мушарраф дар паёме ба мардум иброз дошт, ки раҳбари мухолифин Беназир Бҳутто аз сӯи террористон ба қатл расидааст. Ӯ афзуд, ки аз полиси Лондон дархост намудааст, ки дар тафтиши куштори Бҳутто саҳм гирад. Ба гуфтаи раисиҷумҳури Покистон сарвазири Британия Гордон Браун ин даъватро пазируфтааст ва ба зудӣ муфаттишони бритониёвӣ ба Покистон сафар хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG