Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ: Мушкили Косово бояд ба зудӣ ҳал шавад!


Дабири кулли СММ Бан Кӣ Мун гуфтааст, ки агар ба зудӣ роҳи ҳалле барои Косово пайдо нашавад, фаъолияти чандинсолаи СММ дар ин устон бо таҳдид мувоҷеҳ хоҳад шуд.Дар гузорише ба Шӯрои Амнияти СММ Бан гуфтааст, ки нооромии Косово метавонад минтақаи васеъро фаро гирад. Сербия даъватҳо ба эътирофи соҳибистиқлолии Косоворо рад кардааст. Музокироти беш аз ду солаи байналмилалӣ низ роҳи ҳалле барои Косово пайдо накарданд. Албанитаборони Косово мегӯянд, ки онҳо якҷониба соҳибистиқлолии Косоворо эълон хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG