Пайвандҳои дастрасӣ

Коҳиши секаратаи саҳмияи кории муҳоҷирон дар Русия


Соли 2008-ум Русия мехоҳад наздик ба 2 миллион муҳоҷири корӣ қабул кунад. Ин рақам назар ба соли 2007-ум 3 баробар камтар аст. Саҳмияи муҳоҷирони корӣ аз он сабаб коҳиш ёфтааст, ки аксари муҳоҷирон саъй мекунанд ба Маскав ва ё Санкт-Петербург раванд, зеро дар он ҷо маош калонтар аст. Ба қавли хадамоти муҳоҷирати Русия феълан Маскаву Санкт-Петербург ба қабули ҳамаи хоҳишмандон ҳозир нестанд.
Соли 2007-ум аз кишварҳое, ки бо Русия режими раводид доранд, 308 ҳазор муҳоҷир барои кор ба Русия омада буданд. Ҳамчунин 6 миллион муҳоҷири дигар аз кишварҳое, ки бо Русия равуои озод доранд, бо кор таъмин шуда буданд.
Раиси хадамоти муҳоҷирати Русия Константин Ромодановский мегӯяд, коҳиши саҳмияи муҳоҷирони корӣ то 2 миллион нафар имкон медиҳад, ки ба истилоҳ "гарстарбайтерҳо" (муҳоҷирони корӣ) корҳои ғайришаръиро хотима бахшида, барои дарёфти шуғли расмӣ талош варзанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG