Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Гуруҳи «Ҳамос» ва кормандони бемористони Шиффаи Ғазза куштори 6 ситезаҷӯи фаластинӣ дар Минтақаи Ғаззаро таъйид кардаанд.

Сухангӯи артиши Исроил мегӯяд, афроди мусаллаҳи ситезаҷӯ ба сӯи нерӯҳои Исроил, ки машғули анҷоми як амалиёт дар минтақа будаанд, чанд мушаки зидди тонк партоб кардаанд. Баъд аз ин ҳамла нерӯҳои ҳавоии Исроил нуқтаи оташи ситезаҷуёни фаластиниро ҳадаф қарор додаанд. Бино бар хабарҳо, 4 ситезаҷӯи кушташуда аз гурӯҳи исломгарои «Ҳамос» ва 2 нафари дигар аз Кумитаи муқовимати мардумӣ будаанд.

Хабаргузориҳо навиштаанд, ин ҳодиса ба боздиди қариб-ул-вуқуъи Ҷорҷ Буш, раиси ҷумҳури Амрико, аз Ховари Миёна соя афкандааст. Албатта, Ҷорҷ Буш нақшае барои боздид аз Минтақаи Ғазза надорад ва ин минтақа аз моҳи июни соли 2007 ба ин су дар дасти гурӯҳҳои тундрави «Ҳамос» аст. Баъд аз он, ки нерӯҳои «Ҳамос» гурӯҳи Фатаҳро аз Минтақаи Ғазза хориҷ карданд, ин минтақаро зери контроли худ дароварданд.
Ҷорҷ Буш дар ҷараёни боздиди худ аз Ховари Миёна Эҳуд Олерт, нахуствазири Исроил, ва раҳбари ташкилоти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббосро дар як мулоқоти муштарак ташвиқ хоҳад кард, ки онҳо то поёни соли ҷорӣ, яъне то поёни муҳлати раёсати ҷумҳурии Ҷорҷ Буш қарордоди сулҳи Ховари Миёнаро ба имзо расонанд. Аз ин қарордоди сулҳ кишварҳои Ғарбӣ ҷонибдорӣ мекунанд, вале нерӯҳои «Ҳамос» ба музокироти сулҳи Ховари Миёна розӣ нестанд. Исроил аз Маҳмуд Аббос, раҳбари Фаластин, ҷонибдорӣ мекунад, вале бар зидди гуруҳҳои тунрави «Ҳамос» дар Минтақаи Ғазза гаҳ гоҳе даст ба амалиёт мезанд, зеро ин гурӯҳҳо ба сӯи нерӯҳои Исроил мушак партоб мекунанд.
Рӯзи чаҳоршанбе Эҳуд Борак, вазири дифоъи Исроил, гуфт, нерӯҳои мусаллаҳи кишвараш талош мекунанд аз амалиёти доманадор бар зидди гурӯҳҳои «Ҳамос» дар Ғазза худдорӣ варзанд, вале чораи дигаре барои ҷилавгирӣ аз партоби мушакҳои Қасам аз минтақаи Ғазза ба сӯи Исроил надоранд. Ба гуфтаи Эҳуд Борак, ҳамлаи ҳавоии рӯзи чаҳоршанбеи Исроил ба тундравони исломӣ дар минтақаи Ғазза посухе ба чунин ҳамлаҳо будааст.
Мақомоти амниятии Исроил мегӯянд, то хатми боздиди Ҷорҷ Буш аз Ховари Миёна амалиёти густарда бар зидди тундравҳои фаластинӣ дар Минтақаи Ғазза дар назар дошта нашудааст. Вазири дифоъи Исроил гуфтааст, моҳи декабр дар ҷараёни амалиёти маҳдуди Исроил дар Минтақаи Ғазза 60 ситезаҷӯ кушта шудаанд.

Дар давоми соли 2007 шумораи кушташудагон дар ин минтақа ба 200 нафар расид.

XS
SM
MD
LG