Пайвандҳои дастрасӣ

Интихоботи Покистон 18-уми феврал доир мешавад


Комиссияи интихоботи Покистон мегӯяд, ки интихоботи парламентии ин кишвар дар таърихи 18-уми феврал доир мешавад. Тибқи нақша раъйдиҳӣ мебоист 8-уми барпо шавад, вале куштори пешвои мухолифини ҳукумат хонум Беназир Бҳутто дар ҳафтаи гузашта баргузории ин маъракаро зери суол гузошт. Ҳизбҳои мухолифи ҳукумат тарафдори барпо шудани интихобот дар вақти муқарраршуда ҳастанд, вале ҳукумати Покистон мегӯяд, дар рафти бархӯрдҳое, ки баъди куштори Бҳутто ба амал омаданд, аксари ҳавзаҳои интихоботӣ тахриб шудааст.
XS
SM
MD
LG