Пайвандҳои дастрасӣ

Вуруди расонаҳои хабарии Русия ба кишварҳои Осиёи Марказӣ вокуниши яксон ба бор наовардааст. Баъзе аз таҳлилгарони матбуъотӣ мегуянд, омадани матбуоти Русия ба Осиёи Марказӣ ба манофеъи миллии ин кишварҳо хатар дорад.

Баъзеҳои дигар онро кори тиҷорат медонанд. Телевизюни «СТС»-и Русия, ки як канали саргармкунанда аст, эълон кард, ки дар бораи харидории як канали маъруфи телевизюнии Қазоқистон, мавсум ба «Канали 31», ба тавофуқ расидааст ва дар Узбакистон низ як ширкати нави телевизюниро сабти ном хоҳад кард. Ин ду моликияти «СТС» дар ин ду кишвар аз ҳам фарқ доранд. Вале ҳар дуи он як ҳадафро дунбол мекунанд. Гарчӣ ин ду канал бо маблағи зиёд харидорӣ мешаванд, соҳибони он умедворанд, ки дар ин ду ҷумҳурӣ онҳо бо роҳандозии барномаҳои худ даромади зиёд низ ба даст оранд.

Дар маҷмуъ аҳолии Қазоқистон ва Узбакистон 42 миллион нафарро ташкил медиҳад ва аз кишварҳои пурнуфуси минтақа ба шумор мераванд. Виктор Климов, саркоргардони «Канали 31»-и Қазоқистон изҳори нигаронӣ мекунад, ки бо омадани «СТС»-и Русия «Канали 31», ки ҳоло комилан канали саргармкунанда аст, дар оянда ба канали тиҷоратие табдил хоҳад ёфт, ки меҳвари аслии он иттилоъот хоҳад буд. Аммо Ормонҷон Бойтасов, раиси «Канали 31» ин нигарониҳоро бепоя медонад ва мегуяд, омадани «СТС» ба Қазоқистон қадами мусбат аст.

Вай афзуд, сабаб ин аст, ки мо мехоҳем гурӯҳи нави расонаӣ, яъне «СТС»-ро ба кишварамон ҷалб кунем. Мо назари мусбат дорем, ки бо табдил шудани онҳо ба бахше аз ширкати мо эътибори мо боло хоҳад рафт, барномаҳои нав, филмҳои нав ва силсилаҳои нави телевизюнӣ пайдо мешаванд. Мо мутмаъин ҳастем, ки бозори нави рақобат ба вуҷуд хоҳад омад ва он дар матбуъот таъсири мусбат хоҳад дошт.

«Канали 31»-и Қазоқистон ҳеҷ гоҳ бахше аз ширкати матбуотии "Хабар" набудааст, ширкате, ки то гузаштаи наздик дар дасти Дариға Назарбоева, духтари Нурсултон Назарбоев буд. Афроди наздик ба доираҳои давлатӣ мегуянд, «Канали 31» то замони харидорӣ аз тарафи «СТС»-и Русия канали телевизюнии Булат Утемуродов, раҳбари дафтари раёсати ҷумҳурии Қазоқистон будааст. Дар Узбакистон низ вазъ тақрибан ба ҳамин минвол аст. Ширкати «СТС»-и Русия бо ширкати матбуотии «Терра Груп» ба тавофуқ расидааст ва «Канали 30»-и ин кишварро харидорӣ кардааст, ки ба «Терра Груп» тааллуқ дорад. Мегуянд, ин ширкат зери назари Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, фаъолият мекунад. Тибқи ин тавофуқот, қарор аст ҳар ду ҷониб ширкати ҷадиде ташкил диҳанд ва саҳмияҳои онро тақсим кунанд, яъне ҷониби Узбакистон 51 ва ҷониби Русия 49 дарсадро соҳиб шаванд. Ҳоло «Канали 30» бештар барои ҷавонон барномаҳои саргармкунанда пахш мекунад. Ин канал дар бораи фаъолиятҳои Гулнора Каримова дар арсаҳои мухталиф низ барномаҳо дорад. Баъд аз тавофуқот бо «СТС»-и Русия ин канал номи "Марказ ТВ"-ро гирифтааст.


Матбуоти Русия дар кишварҳои Осиёи Марказӣ машҳур аст ва мавқеъи худро дорад. Тибқи одатҳои пешин ва бо назардошти равобити торихиву фарҳангӣ, матбуоти Русия дар ин минтақа тақрибан матбуоти хориҷӣ дониста намешавад. Нуриддин Қаршибоев, раиси НАНСМИТ ё Анҷумани Миллии Расонаҳои Мустақили Хабарии Тоҷикистон, мегуяд, баъд аз фурӯпошии Шуравӣ танҳо соли 2007 ду нашрияи Русия дар Тоҷикистон ба чопи худ шуруъ кардааст. Вай афзуд, имруз дар фазои иттилоъотии Тоҷикистон холигии зиёде вуҷуд дорад, ки дар он метавонанд ҳам расонаҳои ватанӣ ва ҳам расонаҳои хориҷӣ сабқате дошта бошанд, то ин ки ин фазоро бо маводи иттилоъотӣ пурра намоянд. Аҳён-аҳён фарқ кардани мавзеъгирии нашрияҳои Русия ва Тоҷикистон нисбат ба ин ё он масоил ба назар мерасад ва ин аз сиёсати хориҷии кишварҳо маншаъ мегирад.

То ҳол «СТС» ё ширкати дигаре аз Русия барои харидории канали телевизюнӣ дар Тоҷикистон тамоюл нишон надодааст. Шояд сабаб ин аст, ки онҳо дар Тоҷикистон бозори даромади худро маҳдуд мебинанд. Бо вуҷуди ин, Руслана Тохина, раиси гуруҳи ғайридавлатии рӯзноманигорони экстрималӣ дар Қазоқистон, мегуяд, ҳадафи Кохи Кремл барқарор кардани нуфузи худ дар кишварҳои Шуравии собиқ аст. Ба ин далел омадани «СТС»-и Русия ба Қазоқистонро хатаре барои кишвараш арзёбӣ мекунад. Вай афзуд, масъалаҳои густариш ё тағйири маҳалли иттилоъот на танҳо ба тиҷорат иртибот дорад, балки ба амнияти миллӣ низ таъаллуқият мегирад.

Аммо баъзе таҳлилгарони рус ҳам дар Қазоқистон ва ҳам дар Русия мегуянд, вуруди Русия ба бозори телевизюни Қазоқистон ҳадафҳои тиҷоратӣ дорад на сиёсӣ ва ба вазъи сиёсии ин кишвар асаре нахоҳад гузошт. Бино ба хабарҳо, «СТС»-и Русия «Канали 31»-и Қазоқистонро бо 130-150 миллион доллар харидорӣ мекунад, нархи «Канали 30»-и Узбакистон ифшо нашудааст, вале ба навиштаи як шабакаи интернетии Укроин, ширкати «СТС» дар як сол аз ин муъомила 460-480 миллион доллар даромад ба даст хоҳад овард.

XS
SM
MD
LG