Пайвандҳои дастрасӣ

Чин навори филмҳои шаҳвониро манъ кард


Шурӯъ аз Соли нав мақомоти Чин навори филмҳои фаҳш ё порнографӣ дар студияҳои синамои кишварро манъ карданд. Ҳамчунин, дар радио, телевизион ва синамо истифодаи вожаҳои ҳақоратомез ва ҳатто истифода аз мусиқии, ба истилоҳ, шаҳвонӣ мамнӯъ эълон шудааст.

Ба иттилоъи хабаргузориҳои маҳаллӣ, Раёсати радио, кино ва телевизиони Чин ҳушдор додааст, таҳиягарон ва ҳунармандоне, ки дар тавлиди филмҳои шаҳвонӣ ширкат доштаанд, аз довталабӣ ба ҷоизаҳо дар бахши синамо маҳрум хоҳанд шуд. Гуфта мешавад, онҳое, ки ин амрро нодида мегиранд, муҷозот мешаванд ва мӯҳлати то панҷ сол ҳаққи кор дар бахши синаморо нахоҳанд дошт.
XS
SM
MD
LG