Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати мармузи сарбозони амрикоӣ дар Гана


Дар меҳмонхонаи шаҳри бандарии Темаи Гана, кишвари воқеъ дар ғарби қораи Африқо, ҷасади ду маллоҳи низомии амрикоӣ пайдо гардид. Сабабҳои марги сарбозони амрикоӣ ҳанӯз маълум нест. Тафтиши ҳодисаро мақомоти маҳаллӣ ҳамроҳ бо намояндагони Флоти баҳриву низомии Иёлоти Муттаҳида анҷом медиҳанд. Гуфта мешавад, ки маллоҳон дар соҳил дар рухсатӣ буданд.
XS
SM
MD
LG