Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оташсӯзӣ дар калисо


Бар асари бенизомиҳо дар Кения ҳадди аққал 30 нафар ба коми оташ рафтанд. Дар шаҳри Элдорет, воқеъ дар ғарби ин кишвари африқоӣ баъди задухурд миёни қабилаҳои маҳаллӣ гурӯҳе аз мардум хостанд дар калисо панаҳ баранд. Ва аммо издиҳоми башӯромада калисоро ба оташ кашид. Бар асари задухурдҳои қавмӣ дар Кения аллакай садҳо нафар ба ҳалокат расиданд.

Ёдовар мешавем, Комиссиюни марказии интихобот раиси ҷумҳури Кения Кибакиро барандаи ин маъракаи сиёсӣ эълон кард ва ин хашми мухолифинро ба бор овард, ки ба пирӯзии номзади худ мутмаин буданд.

Нозирон аз Иттиҳодияи Аврупо гуфтанд, ки дар интихобот қонуншиканиҳои зиёдро мушоҳида кардаанд. Ба иттилоъи Созмони Салиби Сурх, баъд аз интихоботи рӯзи 27 декабр ва шурӯъи низоъҳо дасти кам 70 ҳазор нафар аз сокинони Кения манзилҳои худро тарк гуфтаанд.

XS
SM
MD
LG