Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти овозапарокани суиқасд ба Путин дар Эрон


Хадамоти амниятии Эрон шахсеро боздошт кардаанд, ки ба пахши овозаҳои суиқасди эҳтимолӣ ба президенти Русия Владимир Путин дар Теҳрон дар моҳи октябри соли гузашта айбдор мешавад. Хабаргузории расмии ИРНА аз чунин боздошт иттилоъ дод, вале тафсилоти бештар наовард. Бо вуҷуди овозаҳои суиқасд ба ҷонаш Путин ба Теҳрон сафар ва бо сарони Эрон равобити дуҷониба, минтақаӣ ва масъалаҳои ҷаҳониро баррасӣ намуд.
XS
SM
MD
LG