Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон интиқоли газ ба Туркияро коҳиш дод


Хабаргузории "Форс"-и Эрон иттилоъ дод, ки Теҳрон судури газ ба Туркияро коҳиш додааст. Сабаби ин тасмим дар қатъи интиқоли гази Туркманистон ба Эрон ва афзоиши корбурди газ дар сардиҳои зимистон дар худи Эрон дониста мешавад. Хабаргузорӣ ба нақл аз мақоми давлати Эрон мегӯяд, интиқоли газ аз Эрон ба Туркия то 5 миллион метри мукааб дар рӯз кам карда шудааст. Ин танҳо аз чаҳор се ҳиссаи газест, ки Эрон тибқи қарордод бояд ба Туркия содир кунад. Мақомоти эронӣ мегӯянд, вазири умури берунаи Туркманистон, Рашид Мередов ваъда кардааст, ки интиқоли гази Туркманистон ба Эрон ба зудӣ идома хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG