Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шабаҳҳои саҳнаи сиёсии Тоҷикистон дар соли 2008


Коршиносони ватанию хориҷӣ ҳадс мезананд, ки соли 2008 барои саҳнаи сиёсии Тоҷикистон яке аз солҳои, ба истилоҳ, "миёндавраӣ" хоҳад буд.

Соли нав ҳам омад ва акнун то интихоботи порлумонӣ 3 ва то интихоботи президентӣ наздик ба 6 соли дигар монд. Ба гуфтаи матбуоти Тоҷикистон аҳзоби сиёсӣ то он вақт ба хоби "зимистона" мераванд ва ба ин сабаб ҳаёти сиёсӣ метавонад, ба минволи феълӣ зоҳиран ором идома кунад. Вале бархи дигар бар инанд, ки оромӣ танҳо дар зоҳир хоҳад буд ва ҳаёти сиёсӣ ботинан ҳамоно ноқаноатбахшу фурсатталаб боқӣ хоҳад монд.

Ҳизб ва сулолаи ҳоким бо таҷрибаи сиёсие, ки дар 10-15 соли охир андӯхтаанд, метавонанд, ба осонӣ вазъиятро зери назорат нигоҳ доранд. Ҷомеа низ, аз он ҷо ки бахши аз лиҳози сиёсӣ фаъоли он дар муҳоҷират ба сар мебарад, ҳизбҳои сиёсии мухолифаш пойгоҳи густарда ва шароити озоди фаъолият надоранд, матбуоти воқеъан мустақил мавҷуд нест ва фишори сангини рӯзгор қавист, ба андозаи зиёд аз сиёсат канораҷӯӣ хоҳад кард. Ба ин тартиб вазъи феълии сиёсӣ метавонад, тақрибан бетағйир боқӣ бимонад.

Дар аввали сол, тибқи одат, дар ҳукумат баъзе тағйироти кадрӣ ба амал хоҳад омад ва бархе аз ҳизбҳои сиёсӣ ба ин раванд ва ҳаракатҳои дигари ҳизби ҳоким вокуниш нишон хоҳад дод, аммо дигаргуниҳо дар ҳукумат зоҳирӣ хоҳанд буд ва вокуниши аҳзоб бенатиҷа.
Тоҷикистон аз ҷумлаи "кишварҳое дар чорсӯ" шумурда мешавад...

Сиёсатшиносони Ғарб ва Русия бо вуҷуди тафовутҳои бунёдӣ дар пешбинии фарояндҳои сиёсии Русия ё Аврупо дар арзишёбии тамоюл ва равандҳои ояндаи қаламрави шӯравии пешин дар бисёр маврид ҳамназаранд. Онҳо омилҳои дохилӣ ва берунаро аз ҳам ҷудо мекунанд. Бо вуҷуди он ки таҷрибаи се соли охири Қирғизистон бо сабаби дар бӯҳрон фурӯ рафтанаш натавонист, барои ҷомеаҳои минтақа намунаи ибрат шавад, вазъи иҷтимоӣ як омили муҳими таҳаввулоти сиёсӣ дар ин кишварҳо унвон мешавад. Маҷаллаҳои "Экономист", чопи Лондон ва "Русия дар сиёсати ҷаҳонӣ", чопи Маскав, ҳарду иқрор мекунанд, ки вазъи давлатҳои Осиёи Марказӣ ҳамоно осебпазир боқӣ мемонад ва дар Узбакистон, Тоҷикистон ва Қирғизистон хатари нооромӣ ва хушунатҳо зиёданд.

Пеш аз ҳама афзоиши бесобиқаи нархҳо омиле номида мешавад, ки ба боло рафтани сатҳи фақр дар кишвар сабаб мегардад. "Экономист" иқрор мекунад, ки иқтисодиёти Тоҷикистон дар чанд соли охир дар ҳоли рушд аст, аммо аз як сӯ сатҳи таваррум ин пешрафтро бозмедорад ва аз сӯи дигар ҳукумати Тоҷикистон то ҳанӯз натавонистааст, ин рушдро ба сатҳи зиндагии мардум интиқол диҳад. Ҳатто бе дарназардошти вазъи иқтисодию иҷтимоӣ ва танҳо бо зикри равандҳои номатлуби сиёсии кишвар, созмони "Хонаи озодӣ" Тоҷикистонро "кишваре дар чорсӯ" меномад. Кишваре ки ҳанӯз маълум нест, ба кадом сӯ роҳ хоҳад гирифт.

Ин ниҳод барои соли 2008 ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия додааст, ки ба ҳамаи минтақа ва маҳалҳо имкони ширкат дар тасмимгириҳоро диҳад ва барои мухолифони худ шароити мусоъиди ҷамъомадҳои оммавӣ, маъракаҳои пуштибонӣ ва имкони интишори фикру ақидаҳояшонро фароҳам орад. Дар инҳисори як гурӯҳи хурди намояндаҳои як маҳал боқӣ мондани идораи кишвар ва такияи раҳбари давлат танҳо ба садоқати шахсиро созмони мазкур, як монеъаи асосии рушди демократӣ дар Тоҷикистон меномад.

Хулосаи марказҳои гуногуни сиёсатшиносӣ ин аст, ки дар ҳоли боқӣ мондани ин омилҳо вазъи сиёсӣ дар Тоҷикистон дар соли оянда шикананда боқӣ хоҳад монд. Дар пажӯҳиши муштараки маҷаллаи "Foreign Policy" ва Бунёди Сулҳи Вошингтон осебпазирии давлати Тоҷикистон дар соли 2007 назар ба соли 2006 камтар шудааст, вале то куҷо он ба мушкилоти иҷтимоӣ ва масъулияти яккатозӣ тобовар боқӣ мемонад, тахмин задан душвор аст.
XS
SM
MD
LG