Пайвандҳои дастрасӣ

Пурсишҳои солинавии «Озодӣ»


Талоши ҳифзи ҳиҷоб дар донишгоҳ, яке аз рӯйдодҳои 2007.

Талоши ҳифзи ҳиҷоб дар донишгоҳ, яке аз рӯйдодҳои 2007.

Шунавандагони Радиои «Озодӣ» аз тамоми манотиқи Тоҷикистон ба 7 суъоли он посух доданд.

Шумо ба соли 2007 чи гуна баҳо медиҳед?
Оё дар соли 2007 вазъи зиндагиятон тағйир хӯрд?
Ба фаъолияти давлат ва ҳукумат дар соли 2007 чи мегӯед?
Оё ба ваъда ва нақшаҳои ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ эътимод доред?
Пахта, алюминиум ва маблағи муҳоҷирони корӣ. Кадоме аз инҳо таъсири намоён дар иқтисодиёти Тоҷикистон дорад?
Дар соли 2007 вазъи ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистон чи гуна буд?
Назари Шумо дар робита ба забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2007 чи аст?
Ин 7 суолоте буд, ки дар чаҳор гӯшаи Тоҷикистон, вилоёти Хатлону Бадахшону Суғд, навоҳии шарқи кишвар ва пойтахти он, аз мардуми соҳиби касбу машғулияти мухталиф аз ҷониби хабарнигорони радиои «Озодӣ» пурсида шуд. Дар ҳар минтақа беш аз 50 нафар ба суолҳои мо посух доданд. Ба сурати умум ба 300 нафар муроҷиат ва назари онҳо рӯшан карда шуд. Ва ҳоло...
суоли аввал: Шумо ба соли 2007 чи гуна баҳо медиҳед?
21 дарсади пурсидашудаҳо дар Хатлону Хуҷанд соли 2007 – ро соли бисёр хуб арзёбӣ карда ва гуфтанд, ки дар ин сол вазъи иҷтимоъиву иқтисодии онҳо беҳбуд ёфтааст. 58 дарсад дар Душанбе муқобили ин гуфтаҳо изҳори назар додаанд. Ба бовари ин гурӯҳ, соли 2007 мисли соли 2006 буд ва вазъ тақрибан тағйир нахӯрдааст. 85 дарсад дар Хуҷанд, 75 дарсад дар Бадахшон, 35 дарсад дар Рашт ва 20 дарсади пурсидашудаҳо дар Хатлон низ ин андешаро ҷонибдорӣ намудаанд. Аммо 69 дарсади пурсидашудаҳо дар минтақаи ҷанубии Тоҷикистон соли 2007-ро бадтар аз соли 2006 хондаанд. Болоравии бесобиқаи баҳои ғизои аввалия дар бозорҳои кишвар ба нигаронии онҳо сабаб шудааст. 65 дарсад дар Рашт, 42 дарсад дар Душанбе, 25 дарсад дар Бадахшон ва 15 дарсади ҳамсӯҳбатони мо дар Хуҷанд низ чунин посух додаанд. Соли 2007, ба назари ин гурӯҳи пурсидашудагон, соли хубу хотирмон барои танҳо 10 дарсади сокинони Тоҷикистон буд, ки вазирону мансабдоронанд. Ба яке аз посухҳои ҳамсӯҳбати мо гӯш медиҳем:
Суоли дуввум: Оё дар соли 2007 вазъи зиндагии Шумо тағйир хӯрд?
Ба ин суол танҳо 10 дарсад дар пойтахти кишвар ҷавоби мусбат додаанд. Зиндагии 24 дарсади пурсидашудаҳо дар вилояти Хатлон низ тағйир кардааст. Дар Рашт 19, дар Хуҷанд 15 ва дар Бадахшон 12 дарсади пурсидашудаҳо низ чунин андеша доранд. Ба гуфтаи онҳо, вазъи иҷтимоъияшон дар нисбати соли 2006 беҳбуд ёфтааст, яъне бархеяшон соҳиби ҷойи кори муносиб гардидаанд ва бархеи дигар ҳосили хуб гирифтаанд. Вале 51 дарсади ҳамсӯҳбатони мо дар Хуҷанд мегӯянд, ки вазъи зиндагии онҳо дар шакли пешина боқӣ мондааст. Дар манотиқи дигари Тоҷикистон низ тарафдорони ин посух кам нестанд. Масалан, дар Хоруғ 48, дар Душанбе 45, дар Хатлон 44 ва дар Рашт 41 дарсади пурсидашудаҳо чунин ҷавоб додаанд. Ба бовари ин гурӯҳ, муҳоҷирати корӣ, болоравии нархҳо ва бебарқӣ аз ишколҳоеанд, ки дар соли 2006 низ домангири онҳо буданд ва то ҳол бидуни дарёфти ҳал боқӣ мондаанд. Аммо 55 дарсад дар Душанбе мегӯянд, ки вазъи зиндагии онҳо дар ҳич кадом самт пешрафт накарда, бадтар аз соли гузаштаи 2006 будааст. Рӯиҳамрафта чунин мавқеъро 40 дарсадӣ дар Рашту Бадахшон, 34 дарсад дар Хуҷанд ва 32 дарсад дар Хатлон пуштибонӣ кардаанд.
Суоли севум: Ба фаъолияти давлат ва ҳукумат дар соли 2007 чи мегӯед?
Ба ин суол низ аксарият посухи мусбат надоранд. Фақат 5 дарсади пурсидашудаҳо дар Бадахшон, 21 дарсад дар Хуҷанд ва 12 дарсад дар Рашт гуфтаанд, ки аз фаъолияти давлату ҳукумат бисёр қаноъатманданд. Аммо 27 дарсади пурсидашудаҳо дар Душанбеву Хатлон мегӯянд, ки аз баъзе бахшҳои фаъолияти ҳукумат қонеъ ҳастанду тамом. Дар Бадахшон 43, дар Хуҷанд 36 ва дар Рашт 25 дарсади ҳамсӯҳбатони мо чунин мавқеъ доранд. Дар маҷмӯъ посухи ҳамсӯҳбатони мо ба ин суол ин аст, ки фаъолияти давлату ҳукумат заъиф мебошад. Бадингуна 85 дарсади пурсидашудаҳо дар Душанбе ва 82 дарсад дар Хатлон, 62 дарсад дар Рашт, 53 дарсад дар Бадахшон ва 43 дарсад дар Хуҷанд чунин назар доранд. Ба таъкиди онҳо, дар арзи соли 2007 ҳукумат тасмимоти ҷиддие дар роҳи рафъи мушкилоти мавҷудаи шаҳрвандони худ нагирифт ва ин ояндаи дурахшонро зери суол мебарад. Дар ҳамин ҳол, хонандагони сомонаи интернетии радиои Озодӣ низ ба суоли «Аз фаъолияти давлат дар соли 2007 розӣ ҳастед?» посухи мухталиф додаанд. Аз 186 нафари назардиҳанда, 7 дарсад гуфтаанд, ки розӣ ҳастанд. 6 дарсад изҳори бетарафӣ кардаанд ва 86 дарсад аз фаъолияти давлат дар соли 2007 розӣ набудани худро баён доштаанд.
Суоли чорум: Оё ба ваъда ва нақшаҳои ҳукумати марказӣ ва ҳукуматҳои маҳаллӣ эътимод доред?
Ҳамагӣ 50 дарсади пурсидашудаҳо дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон ба ин суол посухи мусбат додаанд. Из ин теъдод, дар Хатлон 5, дар Хуҷанд 18, дар Бадахшон 15 ва дар Рашт 12 дарсади пурсидашудагон гуфтаанд, ки ба ваъдаҳои ҳукумат эътимоди комил доранд. Аммо 81 дарсади пурсидашудагон дар Душанбе мегӯянд, ки ба амалӣ гардидани ваъдаву нақшаҳои ҳукуумат ба ҳич ваҷҳ бовар карда наметавонанд. Онҳо мегӯянд, ба шунидани ваъдаҳои беохири ҳукумат дар тӯли бештар 15 сол одат кардаанд, аз ин рӯ боварашон намеояд, ки дар минбаъда ҳам ваъдаву нақшаҳои ҳукумат иҷро шавад. Ба ин далел, 70 дарсадӣ дар Хатлону Рашт гуфтаанд, ваъдаи ҳукумат ин буд, ки дар охири соли 2007 агрегати нахусти нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-1» ба кор шурӯъ мекунад, аммо накард. Ҳамчунин, 60 дарсади пурсидашудаҳо дар Хуҷанд гуфтаанд, ҳукумат ҳар сол ваъда медиҳад, ки мушкили бебарқиро рафъ мекунад, аммо вазъ ҳамон аст, ки чанд соли пеш ҳам вуҷуд дошт. Ин назарро 72 дарсади пурсидашудаҳо дар Бадахшон низ дастгирӣ кардаанд. Вале 96 дарсади пурсидашудагон дар куллия манотиқи Тоҷикистон гуфтаанд, ки ба иҷроиши ваъдаҳои ҳукумат андаке эътимод доранд. Ба ин тартиб, ҳадди аксари ҳамсӯҳбатони мо ба ин суол назари манфӣ доранд.
Суоли панҷум: Пахта, алюминиум ва маблағи муҳоҷирони корӣ. Кадоме аз инҳо таъсири намоён дар иқтисодиёти Тоҷикистон дорад?
Ҳамагӣ 22 дарсади мусоҳибон дар Хуҷанду Душанбе пахтаро дар пешбурди иқтисоди Тоҷикистон манфиатбахш донистаанд. Аммо 5 дарсади пурсидашудаҳо дар Бадахшон гуфтаанд, ки даромад аз ҳисоби алюминум дар иқтисоди Тоҷикистон нақши намоён дорад ва ҳамзамон ба беҳбудёбии вазъи иқтисодии сокинон сабаб мегардад. 30 дарсад дар Хуҷанд, 25 дарсад дар Душанбе, 20 дарсад дар Хатлону 10 дарсад дар Рашт низ чунин назар доранд. Вале 95 дарсади мусоҳибони мо дар Бадахшон мегӯянд, ки интиқоли маблағ аз тарафи муҳоҷирони корӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон таъсири мусбат дорад. Дар Рашт 90, дар Хатлон 80, дар Душанбе 65 ва дар Хуҷанд 58 дарсади пурсидашудагон низ гуфтанд, ки агар ҳудуди 1 миллион сокинони Тоҷикистон дар Русия мардикорӣ ва ё тоҷирӣ намекарданд, иқтисоди Тоҷикистон аз будаш ҳам бештар фалаҷ мешуд ва аҳолӣ гуруснаву дарбадар.
Суоли шашум: Дар соли 2007 вазъи ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандони Тоҷикистон чи гуна буд?
Дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон, ба ҷуз аз вилояти Хатлон, 53 дарсади пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки вазъи ҳуқуқи башар ва озодии шаҳрвандон дар соли 2007 беҳтар буд. Ба андешаи онҳо, дар ин сол афроди ҷудогона ва саршиноси сиёсати Тоҷикистон бо иттиҳоми сохта боздошт ва зиндонӣ нагардиданд ва ҳамчунин додгоҳ мустақилона ба баъзе аз мушкили онҳо расидагӣ кардааст. Аммо 55 дарсади мусоҳибони мо дар Рашт гуфтаанд, ки вазъи ҳуқуқи башар мисли иқтисоду сиёсати Тоҷикистон бидуни тағйир боқӣ монд. Ҳанӯз дар ин самт кори хубе ба сомон нарасидааст. Ин назарро дар Хоруғ 43, дар Хатлон 35, дар Хуҷанд 34 ва дар Душанбе 30 дарсади пурсидашудагон дастгирӣ карадаанд. Вале 66 дарсади ҳамсӯҳбатони мо дар Душанбе вазъи ҳуқуқи башар дар кишварро бад арзёбӣ карданд. Дар ин сол, ба андешаи онҳо, шаҳрвандони зиёде аз манозили зисти худ маҳрум монданд. Аксарияти пурсидашудагон аз он изҳори ташвиш карданд, ки мақомот дар ин сол талош варзид, то масоҷиди панҷвақта дар пойтахтро ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ тахриб созад ва дар роҳи ибодати шаҳрвандон мшукил эҷод намояд. 65 дарсад дар Хатлон, 51 дарсад дар Хуҷанд, 45 дарсад дар Бадахшон ва 35 дарсади пурсидашудагон дар Рашт низ чунин назар додаанд.
Суоли ҳафтум: Назари Шумо дар робита ба забон ва адабиёти тоҷик дар соли 2007 чи аст?
70 дарсади пурсидашудаҳо дар Хуҷанду Хатлону Душанбе ва Рашту Бадахшон вазъи забону адабиёти тоҷик дар соли 2007-ро беҳтар арзёбӣ кардаанд. Онҳо гуфтаанд, ки дар ин сол 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхӣ дар Душанбе таҷлил гардид ва ба ин муносибат китобу таҳқиқоти илмӣ низ рӯи чоп омад. Аммо 37 дарсади мусоҳибони бадахшонии мо вазъи забону адабиётро ҳамоно бетағйир донистаанд. 35 дарсадӣ дар Душанбеву Рашт, 22 дарсад дар Хатлон ва 15 дарсади пурсидашудаҳо дар Хуҷанд чунин назар доранд. Ин дар ҳолест, ки 65 дарсади ҳамсӯҳбатони хуҷандии мо вазъи забону адабиёти тоҷикро хароб хонда, гуфтаанд, ки сатҳи он рӯзбарӯз поин меравад. 60 дарсад дар Хатлон, 55 дарсад дар Рашт ва 53 дарсадӣ дар Бадахшону Душанбе низ ба ин ақидаанд. Яъне, ба таъкиди онҳо дар сол 2007 низ асари хондание аз суи адибони тоҷик рӯи чоп наомад ва нашрияҳо пайваста бо иштибоҳоти зиёди забонӣ ҳафтаномаҳои худро интишор мекарданд.
Ҳамин тариқ, дар баробари суолҳои мо роҷеъ ба паҳлуҳои мухталифи масоили дохилии кишвар, вазъи сиёсиву иқтисодӣ, иҷтитмоӣ ва забону адабиёт дар соли 2007 суоле кардем, ки натиҷаашаро бо ҳам қисмат кардем. Бештари ҳамсуҳбатони мо гуфтанд, ки воқеъаи хотирмони соли 2007 барои онҳо болоравии бесобиқаи арзиши маҳсулоту бензин буд. Ва онҳо мехоҳанд, ки дар соли нави 2008 иқтисодиёти Тоҷикистон боло биравад, дар мавриди ҳуқуқ ва озодии шаҳрвандон ва озодии фардии онҳо беҳбуд бахшида шавад ва муборизаи беамон алайҳи коррупсия ҷоннок гардад. Албатта, ин пурсиши радиои Озодӣ идома хоҳад ёфт ва натоиҷи онро метавонед аз сомонаи ин радио www.ozodi.org дарёфт бикунед.
XS
SM
MD
LG