Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳизби мардумӣ вориси Беназирро меҷӯяд


Раёсати Ҳизби мардумии Покистон, ки онро хонум Беназир Бҳутто сарварӣ мекард, имрӯз мавзӯъи интихоби раҳбари нави ҳизб ва ширкат дар интихоботи порлумонии моҳи январро баррасӣ мекунад. Ҷаласаи раёсат дар манзили хонум Бҳутто дар шаҳри Навдеро мегузарад ва интизор меравад, ки дар он васияти сиёсии Беназир Бҳутто қироат шавад. Ба иттилоъи дафтари ҳизб, хонум Бҳутто дар васияти худ номи раҳбари ояндаи Ҳизби мардумиро зикр кардааст. Гуфта мешавад, ки номзадҳои эҳтимолӣ ба ин мақом ду нафаранд – шаҳвари Бҳутто Осиф Алӣ Зардарӣ ва ёвари раиси ҳизб Махдум Амин Фаҳим.

Раҳбарияти ҳизб ҳамчунин мавзӯъи ширкат кардан ё накардан дар интихоботи порлумонии моҳи январро баррасӣ мекунад. Ва ин дар ҳолест, ки ҳизби дигар аз сарвазири пешини Покистон Навоз Шариф баъди куштори хонум Беназир Бҳутто дар бораи таҳрими интихобот тасмим гирифтааст.

XS
SM
MD
LG