Пайвандҳои дастрасӣ

Маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш» аз студияи Радиои Озодӣ дар шаҳри Душанбе тақдими шумо мегардад. Ин барнома ба бурду бохти мавсими соли 2007 ва нақшаҳои варзишгарони тоҷик дар Соли Нави 2008 бахшида мешавад.

--------------------------------------------------------------------------------------------------

Соли 2007 барои варзишгарони тоҷик соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Онҳо барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2008 талош карда, то имрӯз се роҳхат ба даст овардаанд.


Дилшод Назаров аз байни варзишгарони Тоҷикистон нахустин шуда соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Пекин гардидааст. Гурзандози машҳури тоҷик нахуст дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Укроин пирӯз шуда, бо натиҷаи 77 метру 9 сантиметр меъёри олимпиро ба ҷо овард. Сипас Дилшод Назаров ба медали нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии Осиё даст ёфт. Вай дар айни ҳол дар шаҳри Новая Каховкаи Укроин тамрин карда, ба Олимпиадаи Пекин омодагӣ мебинад. Мо бо Дилшод Назаров тавассути телефон дар тамос шудем ва, инак, табрикоту таманниёти ӯ ба шунавандагони маҷаллаи «Ҷаҳони варзиш»:

«Ман мехоҳам, ҳамаи шунавандагонро бо фарорасии Соли Нав табрик намоям. Мехоҳам бигӯям, ки онҳо ҳамеша ба варзишгарони тоҷик мухлисӣ кунанд, зеро дар Тоҷикистон бачаҳои боистеъдод хеле бисёранд ва давлат бояд ба варзиш таваҷҷӯҳи бештар зоҳир кунад, он гоҳ варзиш дар Тоҷикистон рушд хоҳад кард.»




---------------------------------------------------------------------------------------------------
Паҳлавони тоҷик Расул Боқиев пас аз гурзандоз Дилшод Назаров дуввумин варзишгари Тоҷикистон аст, ки ба Бозиҳои олимпии соли 2008 роҳхат гирифтааст. Вай дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо дар Бразилия дар рақобатҳо дар вазни зери 73 кг соҳиби медали биринҷӣ гардид. Бояд гуфт, ки ин аввалин медали варзишгарони Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи гуштии дзюдо маҳсуб мешавад. Анҷумани хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон бар асоси натоиҷи як назархоҳӣ Расул Боқиевро беҳтарин варзишгари кишвар дар соли 2007 эълом кард.

-----------------------------------------------------------------------------------------------

Роҳхати севвумро ба Бозиҳои олимпии соли 2008 намояндаи дигари Тоҷикистон Юсуф Абдусаломов дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии озод дар шаҳри Боку ба даст овард. Вай дар сабқати ниҳоӣ дар вазни зери 84 килограмм мақоми дуввумро касб карда, барандаи медали нуқра гардид. Легионер Юсуф Абдусаломов, ки аслан дар Доғистони Русия ба сар мебарад, барои дуввумин бор аст, ки шарафи Тоҷикистонро дар Бозиҳои олимпӣ ҳимоя хоҳад кард.

---------------------------------------------------------------------------------------------------

Соли 2007 дастаи мунтахаби таэквондои Тоҷикистон дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар Словения соҳиби 8 медал - 4 тилло, 3 нуқра ва 1 биринҷӣ гардид.

Далер Сайфиддинов дар сабқати мардон дар иҷрои машқҳои маҷмӯӣ ба дарёфти медали тилло мушарраф шуд. Масрур Сатторов дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон дар вазни зери 50 килограмм медали тилло ба даст овард. Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар ин навъи рақобатҳо миёни занон дар вазни зери 45 килограмм соҳиби медали тилло гардид. Медали чаҳоруми тиллои Тоҷикистонро тими мардонаи кишвар дар ҳайати Дилшод ва Далер Сайфиддиновҳо, Далер Шарифӣ ва Рустам Улмасов дар навъи худдифоъ ба даст овард. Чаҳор варзишгари тоҷик – Масрур Сатторов, Шаҳло Муҳаммадраҳимова, Далер Шарифӣ ва Рустам Улмасов нахустин бор қаҳрамони ҷаҳон байни бузургсолон шуданд.

Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар байни занони варзишгари Тоҷикистон пас аз камонвари машҳур Зебуннисо Рустамова дуввумин қаҳрамони ҷаҳон маҳсуб мешавад. Хабарнигорони риштаи варзиши Тоҷикистон ӯро беҳтарин варзишгари сол байни занон ҳисобиданд. Шаҳло Муҳаммадраҳимова зимни сӯҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ нахуст дар бораи шуғли худ ба ин навъи варзиш иттилоъ дод. Хонандаи мактаб-литсейи шумораи 55-и шаҳри Душанбе Шаҳло Муҳаммадраҳимова дар тӯли ду соли ахир қуллаҳои баланди варзишро фатҳ кардааст.

Устоди Шаҳло ва боз дигар қаҳрамонони ҷаҳон дар риштаи таэквон-до Мирсаид Яҳёев бар асоси пурсиши хабарнигорони соҳа беҳтарин мураббии сол дониста шуд.

---------------------------------------------------------------------------------------------

Соли 2007, инчунин, Анвар Юнусов барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба бокс, Набимуҳаммад Хоркашев барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон оид ба гуштии самбо байни ҷавонон, Акмал Қодиров қаҳрамони Осиё оид ба армспорт ё дастхобонӣ байни варзишгарони маъюб, Темур Беков барандаи медали биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё оид ба каратэ-до гардида, ба қатори даҳ варзишгари беҳтарини сол дохил шуданд.

Ҳамчунин, дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон, ки дар марҳалаи ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни футболбозони то 17-сола дар Конодо маҳорати баланд зоҳир кард, беҳтарин дастаи кишвар дар соли 2007 дониста шуд.

-------------------------------------------------------------------------------------------------

Вале ба назари коршиносону мутахассисони соҳа дар варзиши тоҷик ҳанӯз камбудиҳои зиёд, аз ҷумла нарасидани иншоотҳои замонавӣ, таҷҳизоту лавозимоти варзишӣ ва кадрҳои баландихтисоси соҳа ҷой доранд. Ба иллати камбуди маблағ варзишгарони тоҷик дар бисёр мавридҳо аз ширкат дар мусобиқоти байналмилалӣ даст мекашанд, ки ин ба баландшавии маҳорати онҳо монеъ мегардад.

Бад-ин тартиб, соли 2007 бо ҳама бурду бохти худ ба таърихи варзиши тоҷик ворид шуд. Аз оғози соли нави 2008 варзишгарони тоҷик барои дарёфти роҳхатҳо ба Олимпиадаи Пекин талош хоҳанд кард. Ва беҳтаринҳо дар ҳайати дастаи мунтахаби олимпии кишвар Тоҷикистонро дар 29-уми давраи Бозиҳои тобистонаи олимпӣ, ки аз 8-ум то 24-уми августи соли 2008 дар пойтахти Ҷумҳурии Мардумии Чин – шаҳри Пекин баргузор мешавад, намояндагӣ мекунанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG