Пайвандҳои дастрасӣ

Таҳияи қонун «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»


Олимҷон Салимзода дар мулоқот бо журналистон

Олимҷон Салимзода дар мулоқот бо журналистон

Порлумони Тоҷикистон тарҳи қонун «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот»-ро таҳия кард.

Лоиҳаи ин қонун феълан ҷиҳати омӯзиш ба мақомоти давлатӣ ва кумитаҳои Маҷлиси намояндагон пешниҳод кардааст.Олимҷон Салимзода, вакили Маҷлиси намояндагон, имрӯз, 29-уми декабр, бо таъйиди ин хабар гуфт, ки қонуни мазкур ҳуқуқи ҳама шаҳрвандон (бо шумули хабарнигорон)-ро дар мавриди дастрасӣ ба иттилоъ аз мақомоти давлатӣ мавриди назар қарор додааст.Ба гуфтаи оқои Салимзода, ба дунболи тасвиби қонуни мазкур мансабдорон дар мавриди пешниҳоди манобеъи иттилоъӣ ва дастрасии мардум ба ин манбаъҳо масъулияти худро мушаххасан эҳсос хоҳанд кард. Вакили порлумон афзуд, феълан аз посухе, ки чанд кумитаи Маҷлиси намояндагон ва кумисюнҳо ба онҳо ироъа кардааст, маълум мегардад, ки аксаран аз ин тасвиби ин қонун пуштибонӣ мекунанд.
Гуфта мешавад, қонуни мазкур аз 6 фасл ва тақрибан 50 банд иборат будааст.
Ин дар ҳолест, ки ҳамчунин имрӯз бо ташаббуси намояндагони 7 созмони хабарнигории Тоҷикистон, ҳамчунин ширкати вакилони маҷлиси намояндагон тарҳи ислоҳот ба «Қонуни матбуоти Тоҷикистон ва дигар васоити ахбори омма» муаррифӣ шуд.
Масъулини ислоҳоти қонун ба 8 моддаи Қонуни матбуот ва дигар васоити ахбори оммаи Тоҷикистон ворид кардани тағйироту иловаҳоро пешниҳод карданд.
Иброҳим Усмонов, намоянда аз Иттиҳодияи журналистони Тоҷикистон ва як масъули ислоҳи қонуни матбуоти Тоҷикистон, бо таъкид ба зарурати тағйири қонуни мазкур гуфт, ки тарҳи ислоҳшудаи Қонуни матбуоти Тоҷикистон ва шарҳи ин ислоҳот ҷиҳати омӯзиш ба порулумони кишвар пешниҳод хоҳад шуд.
Дар ҳамин ҳол Олимҷон Салимзода низ зарурати ислоҳи Қонуни матбуоти Тоҷикистонро таъкид карда гуфт, ки Маҷлиси намояндагон низ пешниҳодоти худ дар мавриди ислоҳи баъзе аз бандҳои ин қонунро дорад ва дар маҷмӯъ ин ҳамаро мавриди омӯзиш қарор хоҳад дод.
Қонуни Тоҷикистон дар бораи матбуот ва дигар васоити ахбори омма дар соли 1990 ба тасвиб расидааст. Ин қонун дар заминаи Қонуни матбуоти Укроин ва Русия таҳия шуда буд. Дафъаи охирин ба Қонуни матбуоти Тоҷикистон дар соли 2002 тағйиру иловаҳо ворид гардида буд.
XS
SM
MD
LG