Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Немсов аз феҳрасти номзадҳо берун карда шуд


Теъдоди довталабони мақоми раиси ҷумҳури Русия коҳиш ёфт. Дар ин бора муовини раиси Комиссиюни марказии интихоботӣ (КМИ) Николай Конкин баъди он хабар дод, ки КМИ аз ин маъракаи сиёсӣ берун шудани номзад аз Ҳизби неруҳои ростгаро Борис Немсовро расман эътироф кард. Ба гуфтаи Конкин, теъдоди довталабони курсии раиси ҷумҳури Русия афзоиш нахоҳад ёфт. Ӯ афзуд, ки фақат дар ҳоли сарпечии чаҳор номзади дигар аз ширкат дар интихобот, ба хотири бидуни алтернатив сурат нагирифтани сабқати президентӣ пешбарии номзадҳои нав аз сар гирифта хоҳад шуд.

Комиссиюни марказии интихоботи Русия барои ширкат дар интихобот 5 довталаб - номзади ҳизби “Русияи воҳид” Дмитрий Меведев, раҳбари коммунистҳои кишвар Геннадий Зюганов, раиси ҳизби либерал-демократӣ Владимир Жириновский, сарвазири собиқи Русия Михаил Касянов ва раиси ҳизби демократӣ Андрей Богдановро сабти ном кардааст ва аммо ду номзади ахир бояд то 27 январи соли 2008 –ум 2 миллионӣ имзоҳои ҷонибдоронашро ҷамъ оварда ба КМИ супоранд, зеро ҳизбҳои онҳоро пешбарикарда ба Думаи давлатӣ роҳ наёфтаанд.
XS
SM
MD
LG