Пайвандҳои дастрасӣ

Бардоштҳо аз соли 2007 ва интизориҳо аз соли 2008 мундариҷаи аслии нашрияҳои чопи Душанбе дар ин ҳафта мебошад.

Нашрияҳо дар матолиби худ болоравии бесобиқаи нархи орд ва равғану бензин, таъсиси Ожонси мубориза бо фасоди молӣ, нишасти сарони кишварҳои ИДМ дар Душанбе, тахриби масоҷид, берун шудани ширкати русии РусАл аз сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун, таркиш дар назди бинои «Кохи Ваҳдат» ва оташсӯзии Донишгоҳи тиббии Тоҷикистонро аз ҳодисаҳои муҳимтарини соли 2007 донистаанд.
Маҳмудҷони Тӯраҷонзода, рӯҳонии шинохтаи Тоҷикистон, низ дар посух ба пурсиши ҳафтаномаи сиёсии «Нигоҳ» соли 2007-ро соли эъмоли маҳдудиятҳо дар роҳи густариши дини Ислом арзёбӣ кардааст. Вай гуфтааст, ки дар ин сол ҳукумат талош намуд аз ширкати ҳиҷобдорон дар донишгоҳ ва аз ҳузури навҷавонон дар намозҳои ҷамоъа ҷилавгирӣ бикунад. Дар ҳамин ҳол Рашид Ғанӣ Абдулло, коршинос дар умури сиёсӣ, таъкид кардааст, ки дар соли 2007 ҳодисаи чашмраси сиёсие дар кишвар рух надод ва дар соли 2008 низ интизор меравад ҳамагуна ҳодисаҳо ба мушкили иқтисодӣ рабт гиранд.
«Нигоҳ» дар матлабе таҳти унвони «Соли 2007 соли сарду торик буд...» менависад, дар соли 2007 ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон аз афроди тоза таъйин шуд, вале равиши кор нишон дод, ки чеҳраҳо ҳамон чеҳраҳои куҳан ва фаъолият ҳамон фаъолияти пешина аст. Яъне, ба таъбири «Нигоҳ», «аз ҷойивазкунии ҷамъшавандаҳо ҳосили ҷамъ тағйир наёфт». Ин нашрия ба тахриби масоҷиди панҷвақта, ки аз сӯи шаҳрдории Душанбе ба унвони ҷойҳои ҷамъиятӣ хароб гардиданд, таваҷҷуҳ карда, онро халале ба эътиқоди сокинон донистааст.
Ҳафтаномаи «Наҷот», нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, бо вуҷуди онки фаъолияти ҳукуматро соли 2007 бемаҳсул хондааст, менависад, ки дар соли 2007 устувории озодии баён мушоҳида мешуд. Ба навиштаи ин ҳафтанома, рӯи кор омадани нашрияи «Фараж», телевизюни «Симои мустақили Тоҷикистон» ва радиои «Имрӯз» аз дастовардҳои озодии баён ҳастанд. «Наҷот» дар матлаби дигари худ менависад, ки «Ҳизби наҳзати исломӣ соли 2007-ро бидуни Устод Сайид Абдуллоҳи Нурӣ пушти сар кард, вале аз ҳизбҳои муваффақи мухолифи ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешуд».
Нашрияи русизабони «Факты & комментарии» бошад, соли 2007-ро соли аз даст рафтани имкониятҳо унвон кардааст. Ин нашрия менависад, имсол низ сокинони Тоҷикистон бо зӯри дасту бозуи муҳоҷирини корӣ, ки ба хонаводаҳои худ маблағи беш аз 1 миллиард доллари ИМА интиқол додаанд, зистаанд. Ба иддаъои ҳафтанома, ҳодисаи намоёни соли 2007 ба тавқиф гузоштани Генплан ё Нақшаи генералии шаҳри Душанбе буд, ки ба хонахароб гардидани садҳо сокинони пойтахт сабаб гардид.
Ҳафтаномаи «Asia-Plus», соли 2007-ро соли дастовардҳои Тоҷикистон дар бахши сиёсати хориҷӣ медонад ва менависад, ки дар сиёсати дохилӣ бархӯрдҳои назаррасе набуданд. Аз ҷумла, ба навиштаи ин ҳафтанома, пас аз интихоботи президентии соли 2006 аҳзоби сиёсӣ гӯиё ба хоби сангин рафтанд ва онҳо то баргузории як интихоботи дигар хомӯшӣ ихтиёр хоҳанд кард. Аз ин рӯ, «Asia-Plus» фасоди молиро аз мушкили аслӣ ва Ожонси мубориза бо фасоди молии кишварро аз рӯйдоди муҳимми сол хондааст.
Нашрияи сиёсиву иҷтимоъии «Миллат», соли 2007-ро соли расидан ба ғурури миллӣ эълом доштааст. Нашрия ин нуктаро ба ин далел менависад, ки дар соли 2007 бо иқдоми раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бандакҳои славянии «ов»-у «ев» аз насаби тоҷикӣ бардошта шуд.
Нашрияи «Адабиёт ва санъат»-и Иттиҳоди нависандагони Тоҷикистон низ соли 2007-ро соли муваффақиятҳои адибони тоҷик ва соли хотирмон барои сокинони адабпарвари кишвар донистааст, зеро, ба иддаъои ҳафтанома, дар ин сол сокинони Тоҷикистон тавонистанд 800-солагии Мавлоно Ҷалолуддини Балхиро бо шаҳомати хосса ҷашн бигиранд.
XS
SM
MD
LG