Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҳкумияти 30 нафар бо айбномаи Ҳизб-ут-таҳрир


Додгоҳи минтақаии Қарағандаи Қазоқистон имрӯз 30 нафарро бо иттиҳоми узвият дар Ҳизб-ут-таҳрир ба мӯҳлатҳои аз панҷ то ҳафт сол равонаи зиндон кард. Онҳо ба паҳн кардани адабиёти тундравонаи мазҳабӣ ва интишори афкори хушунатомез, ҳатто даъватҳо ба терроризм айбдор шудаанд. Фаъолияти Ҳизб-ут-таҳрир дар Қазоқистон мамнӯъ эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG