Пайвандҳои дастрасӣ

Сиёсати Тоҷикистон дар соли 2007


Фазо ва саҳнаи сиёсӣ дар дохили Тоҷикистон дар муқоиса бо солҳои 2005 ва 2006, ки интихоботи порлумон ва раёсати ҷумҳурӣ баргузор гардид, ором буд.

Аз ин рӯ, бештари соҳибназарон низ ба ҳангоми сӯҳбат бар оромӣ ва сукути сиёсӣ дар Тоҷикистон таъкид карданд.

Иброҳими Усмон – коршиноси тоҷик мегӯяд, аммо ин оромӣ, ки дар соли 2007 пушти сар шуд, воқеъияти зиндагиро то куҷо ифода мекунад, номаълум аст:

«Соли 2007 барои Тоҷикистон як навъ оромӣ дошт. Ин оромӣ то чӣ дараҷа ҳақиқати зиндагии имрӯзаро ифода мекунад, то чӣ дараҷа вазъияти муносибатҳои иҷтимоиро инъикос мекунад - ин масъала албатта, гапи дигар аст»

Аммо сол бо тағйироти кадрӣ дар ҳукумати Тоҷикистон оғоз шуд, ки ба бовари бештари коршиносон ин амали раисҷумҳур кадом дигаргунии муҳиммеро ба бор наовардааст. Зеро ҳарчанд раисҷумҳур, ки барои саввумин бор ва дар як интихоботи ба таъкиди бархе аз коршиносони дохилӣ ва байналмилалӣ бидуни рақобати солим баранда эълом шуд, ва чавкии қудратро ҳифз кард, такя ба афроде кард, ки то ҳамин акнун низ раҳбарии ин ва он ниҳоди давлатиро дар даст доштанд. Ва ба бовари бархе аз коршиносон, ҳарчанд раисҷумҳур эътимоди бештари мардумро ба даст овард, аммо фаъолияти номуваффақи ҳукумат дар соли равон ин эътимодро аз байн бурдааст.

Ба эътиқоди Муҳиддин Кабирӣ - раиси ҲНИТ ва вакили ин ҳизб дар порлумон, ҳукумати Тоҷикистон дар иҷрои муҳимтарин барномаҳои эъломкардааш комёб нашудааст:

«Метавон гуфт, ки соли 2007 воқеан барои ҳукумати Тоҷикистон як шанси тиллоӣ буд. Бахусус, дар партави интихоботи соли 2006, ки президент Эмомалӣ Раҳмон аз нав интихоб шуданд. Вале ҳукумат ва дигар масъулони давлатӣ натавонистанд, ин эътимоди мардум ба ҳукуматро дуруст истифода баранд. Ва тақрибан дар як сол ин эътимод коста шуд. Бар замми ин, метавон таъкид болои интихоботҳои миёндавраӣ кард, ки дар чанд ҳавзае, ки ин интихоботҳо баргузор шуд, воқеан мо як сурате аз интихобот доштем, на интихоботи воқеӣ»

Ба дунболи тағйироти кадрӣ дар ҳавзаҳои холишуда, интихоботҳои миёндавраӣ барои интихоби вакили Маҷлиси намояндагон сурат гирифт, ки бо пирӯзии томи намояндагони Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ ба анҷом расиданд. Аҳзоби мухолифи давлати Тоҷикистон ба ин далел, ки интихобот ғайриозод ва бидуни риояти қонун доир мешавад, аз ширкат дар ин маъракаҳо парҳез карданд.

Намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, дар муносибат ва бархурди ҳукумат бо созмонҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ пешравие ба мушоҳида нарасид. Баръакс, қавонине таҳия ва қабул шудаанд, ки заминаро барои маҳдудсозии фаъолияти созмонҳои иҷтимоӣ фароҳам кардааст.

Шокирҷони Ҳаким – муовини раиси ҲСДТ мегӯяд, дар ҳоле, ки аҳзоб ва созмонҳои иҷтимоӣ як рукни аслии низоми мардумсолорӣ эътироф мешавад, масъулин дар Тоҷикистон талош бар ҷилавгирии ҳузури густардаи онҳо дар ҷомеа мекунанд:

«Дар масъалаи созмонҳои ҷамъиятӣ бошад, ҳамчун ниҳоди хеле муҳимми ҷомеаи шаҳрвандӣ, баръакс, қонуне қабул гардид, ки боиси нигаронии ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ гардид».

Тахриби бархе аз масоҷид дар пойтахт, манъи ширкати духтарони борӯсарӣ дар макотиб ва ниҳоят, таҳияи пешнависи қонуни озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ва ба иҷро гузоштани қонуни танзими расму анъана аз сӯи ҳукуматро бархе аз таҳлилгарон мудохилаи ғайримантиқӣ ва аз сӯи дигар, нақзи ҳуқуқи як бахши умдаи шаҳрвандони кишвар арзёбӣ мекунанд.

Яке дигар аз рухдодҳое, ки дар ҷомеаи кишвар нисбатан сарусадоҳо ба бор овард, қабули қонуни афв ба муносибати 10 - умин солгарди имзои Созишномаи умуми сулҳ буд, ки дар бархе аз размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифон ва аъзои Фронти халқӣ низ шомили он шуданд. Ба дунболи қабули қонун дар бораи танзими расму анъана, ки ба таъйиди мақомот бо ҳадафи коҳиши хароҷоти зиёди маъракаҳои мардумӣ қабул шудааст, таҷлили бошукӯҳ ва бо масорифи зиёди 15- умин солгарди Иҷлосияи 16 - Шӯрои Олии Тоҷикистон дар Хуҷанд,ки Эмомалӣ Раҳмонро сари қудрат овард, навъе аз номувофиқатии гуфтору амали мақомотро ба намоиш гузоштааст. Зимнан, дар ин иҷлосия президент Раҳмон бо ёдоварӣ аз мушкилоти замони ҷанги шаҳрвандӣ сӯҳбатҳое ҳам кард, ки нигаронии бархе аз роҳбарони пешини Иттиҳоди мухолифини тоҷикро ба бор овард. Оқои Раҳмон аз ҷумла гуфт:

«Ва яке аз сабабҳое, ки ман дар баромад қайд накардам, барои ҳамаи мову шумо ин дарс аст, яке аз бадбахтиҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз масҷидҳои мо сар шуда буд, аз баъзе домуллоҳои экстремисти мо сар шуда буд. Байни муллоҳо дар шаҳри Кулоб задухӯрд аз он ҷо сар шуда буд, дар шаҳри Қурғонтеппа ва дигар атрофи он. Барои ҳаминам домулло бояд кори худаша кунад...»

Аммо Муҳаммадшариф Ҳимматзода - раҳбари рӯҳонии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ба унвони намояндаи яке аз тарафҳои сулҳи тоҷикон дар як сӯҳбаташ нигаронии худро аз чунин суханронии президент изҳор кард:

«Ба назари ман, ин масоилро яктарафа, айба ба гардани яке аз тарафҳо бор кардан нодуруст аст. Балки тарафи дигар ҳам гурӯҳи ҷинояткоронро ба сари кор овард, ки ҳатто тақдири кишвар дар дасти ҷинояткорон буд. Ҳатто тақдири сессияи 16-ро онҳо ҳал карда буданд на он вакилҳо. Агар мо бори дигар ҳамаи инҳоро бардорем, бисёр гапҳои зиёд ҳастанд. Лекин аз минбар истифода бурда, набояд айба фақат ба гардани муллову домулло бор кард».

Ин дар ҳолест, ки мақомот, аз ҷумла масъулони ҳизби ҳокими халқӣ демократии Тоҷикистон мӯътақиданд, ки фаъолияти ҳукумат дар соли равон дар чаҳорчӯби барномаҳояш ба иҷро даромадаст. Мӯсо Асозода – раиси ҲХДТ дар шаҳри Душанбе мегӯяд, ин заъфи худи аҳзоби сиёсист, ки барои тақвияти ҳузури худ талош намеварзанд:

«Албатта, ҳукумати Тоҷикистон аз рӯи нақшае, ки дар соли 2007 дошт, аз рӯи ҳамин нақша кору фаъолият кард ва дар сиёсати дохилии кишвар ба бисёр бурдбориҳо ҳам ноил гашт. Аз нигоҳи ман, ба ҳизбҳои сиёсӣ мумкин аз соли оянда шурӯъ шавад, онҳо тавонанд, ки минбари васоити ахбори умумро аз ҷумлаи телевизион ва радио озодона аз онҳо истифода баранд. Лекин тарафи дигари масъала он аст, ки гапи гуфтание доранд барои ояндаи Тоҷикистон. Ана ин масъалаи дигар аст.»

XS
SM
MD
LG