Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Харгӯш чӯҷа намекунад" ё хандаҳои соли 2007 (Бо як тарона)


Cоли 2007 соли сахту ғамангезе буд. Ноумедӣ дар тӯли он бар умед бартарӣ дошт. Паиҳам чандин фоҷиаву офату фалокат Тоҷикистонро такон дод. Чи инсонҳои наҷиберо 2007 поёни умр гардид ва идомаи ҷангу низоъ дар ҷаҳон дилҳоро ба дард овард. Аммо зиндагӣ танҳо ғаму дард нест. Хушиву лутфу хандаву шодӣ ороиши зиндагиянд ва коҳишдиҳандаи андӯҳ. Албатта, ҳамаи рӯйдодҳои хандадори соли рафтаро наметавон якояк ба ёд овард, вале чанд ҳодисаи латифи онро метавон баргузид ва дар маҳфили солинавӣ хотирнишин кард.

Шабакаи телевизионии СNN маҷбур шуд аз номзадшавандаи мақоми президентии Амрико Барак Обама бахшиш пурсад, зеро дар барномае номи ӯро барғалат истифода кард. Мавзӯъи барнома ҷустҷӯи макони Осама бин Лодин буд, аммо сарлавҳаи асосӣ: "Обама дар куҷо пинҳон шудааст?"

Як бонки Австралиё шармсор шуд, зеро дар пайи афзоиши муштариёни худ ба номи гурбае корти кредит боз кард. Соҳиби гурба мегӯяд, ин як шӯхӣ буд.

Пиразани садсола дар Олмон пас аз шаш ҳафтаи зиндагӣ дар хонаи пиронсолон, бо кароҳат онро тарк кард, зеро ба гуфтаи ӯ, сокинони он на танҳо хастакунанда, балки бисёр пир будаанд.

Як марди бритониёӣ аввалин бор аз қуллаи Эверест бо телефони ҳамроҳ ба ҳамсараш занг зад. Аввалин иборааш ин буд, ки ин ҷо бисёр сард аст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон имсол дастикам як бор аз таҳти дил хандид. Дар мулоқоти ӯ бо соҳибкорон, шахсе аз заргӯшпарварӣ ҳарф зад ва гуфт, ин заргӯшҳо дар масъалаи насл хеле меҳнаткаш будаанд, хеле зиёд чӯҷа мекардаанд. Раҳмон қоҳқоҳ зада гуфт, "Харгӯш чӯҷа намекунад, мурғ чӯҷа мекунад." Ҳама хандиданд. Дар зимн, дар ҳамин мулоқот, шояд аввалин бор Эмомалӣ Раҳмон худаш худашро "ҷаноби олӣ" номид, ҳарчанд як соҳибкор пешниҳод кард, ӯро "офтоби миллат" номанд. Шояд барои он ки унвонҳои "модари миллат", "падари миллат", "фарзанди миллат" аллакай соҳибони худро доранд.

Шаҳрдорие дар Кореяи Ҷанубӣ бо харҷи 140 миллион доллар фурудгоҳи худро сохт, вале ягон ширкати ҳавонавардӣ омода нашуд, ба ин ҷо парвоз кунад.

Марде дар Амрико ба маъшуқаи махфияш як номаи ишқӣ ва гулдастае фиристод. Вай иштибоҳан суроғаи хонаи худро дар ҷои нодуруст навишт ва ширкати гулфурӯшӣ гулу номаро ба ҳамсари ӯ тақдим кард.

Як фурӯшгоҳи ғизо дар Амрико мавриди тамасхур қарор гирифт. Дар иди мазҳабии яҳудиҳо -- Ҳанукка ва маълум аст, ки яҳудиён ҳам монанди мусулмонон гӯшти хукро намехӯранд, ба хотири таблиғ дар рӯи қатори ҳасибҳои гӯшти хук навишт, "Беҳтарин ғизо барои таҷлили Ҳанукка!" Яҳудиён наранҷиданд, аммо мудири фурӯшгоҳ ба изтироб афтод, ки шумори муштариёнаш коҳиш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG