Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тоҷикистон ва Узбакистон пас аз гуфтушунидҳои тӯлоние ахиран сари масъалаи арзиши газ барои соли 2008 ба тавофуқ расиданд.

Ҳайъати Тоҷикистон дар анд ҳафтаи ахир чанд сафари корӣ ба Тошканд ҷиҳати бастани шартномаи нав оид ба интқоли газ дошт. Аммо дар масъалаи нархи газ то ҳамин авохир норавшаниҳо боқӣ монда буд.

Фатҳиддин Мӯҳсиддинов, раиси Тоҷикгаз гуфтааст, Узтрансгаз дар соли 2008 ба Тоҷикистон 950 миллион метри мукааб газ бо нархи 150 доллари ИМА барои ҳар ҳазор метри мукааб интиқол хоҳад дод.

Дар соли 2007 нархи ҳазор метри мукааб гази узбакӣ барои Тоҷикистон 100 доллари амрикоӣ буд. Дар соли 2006 бошад, он 55 доллар арзиш дошт.

Оқои Мӯҳсиддинов гуфтааст, ҷониби Тоҷикистон мехост, ҳар ҳазор метри мукааб гази Узбакистонро ба 130 доллар бихарад, аммо ҷониби Узбакистон аввал барои ҳар ҳазор метри мукааб гази худ 180 доллар талаб дошт.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG