Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э.Раҳмон ба Покистон номаи ҳамдардӣ ирсол кард


Дар робита ба ҳодисаи куштори собиқ нахуствазири Покистон Бенгазир Бҳутто раисҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ба номи раисҷумҳури Покистон Парвиз Мушарраф номаи ҳамдардӣ фиристод.

Дар ин нома аз ҷумла гуфта шудааст, ки ин амали терористӣ як бори дигар нишон медиҳад, ки тероризм мансубияти миллӣ ва мазҳабӣ надорад ва падидаи нангинест, ки бо он мебояд тамоми инсоният дар якҷоягӣ мубориза барад.

Дар номаи ҳамдардӣ нақши марҳум Беназир Бҳутто дар рушди муносиботи Покистону Тоҷикистон муҳим арзёбӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG