Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи баскетбол байни дастаҳои занона бо пирӯзии тими Душанбе-1 хотима ёфт.

Ба иттилоъи Шаҳло Мирбозхонова, масъули Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон дар ин мусобиқот 7 даста аз вилояти Хатлон, шаҳру навоҳии тобеи марказ ва пойтахти кишвар тӯли 6 рӯз дар толори мактаби махсуси варзишии шумораи 5-и шаҳри Душанбе рақобат карданд.

Дастаи Душанбе-1 бар ҳамаи рақибонаш ғолиб омада, бо 12 имтиёз дар мақоми аввал қарор гирифт. Дастаи Душанбе-3 ҷои дувумро касб кард. Тими шаҳри Турсунзода севвум шуд.

XS
SM
MD
LG