Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти дипломати Амрико аз оштӣ бо Толибон


Сафири Амрико дар Афғонистон Вилям Вууд аз мусолиҳа бо ҷангҷӯёни Толибе, ки бо Ал-қоида иртибот надошта ва Қонуни Асосии ин кишварро мепазиранд, тарафдорӣ кардааст. Ин баёнияи Вилям Вууд баъд аз он садо дод, ки ҳукумати Афғонистон дипломатҳои Иттиҳодияи Аврупо ва Созмони Милал Майкл Семпл ва Марвин Паттерсонро барои музокироти бидуни иҷоза бо Толибон аз ин кишвар ихроҷ кард. Сафири Амрико дар Кобул гуфтааст, ки ба эътиқоди ӯ, намояндагони Созмони Милал ва Иттиҳодияи Аврупо бо нияти нек ин корро кардаанд.

XS
SM
MD
LG