Пайвандҳои дастрасӣ

Русия имтиёзҳои Тоҷикистонро лағв кард


Русия имтиёзҳои Тоҷикистон барои интиқоли транзитии алюминий ба бандарҳои Эстониро лағв кардааст. Мақомоти расмии Русия гуфтаанд, ин кишвар аз 1 январи соли 2008 таруфаҳои бо қимати арзон интиқол додани алюминийи Тоҷикистон тавассути роҳи қатор ба бандарҳои Эстониро бекор хоҳад кард. Мақомот гуфтаанд, ин кор ба хотири мувофиқ кардани мутобиқ ба санадҳои пазируфтаи кишварҳои Ҷомеаи кишварҳои муштаркулманофеъ анҷом мешавад. Ширкати алюминийи Тоҷикистон тавлидкунандаи муҳими алюминий дар минтақа мебошад, ки солона имкони истеҳсоли бештар аз 400 ҳазор тонна ин навъи фулуззотро дорад.

XS
SM
MD
LG