Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беназир Бҳутторо имрӯз дафн мекунанд


Ҷасади раҳбари мухолифони Покистон Беназир Бҳутторо ба зодгоҳаш вилояти Синд интиқол додаанд ва интизор меравад, ки ӯро имрӯз дар назди гӯри падараш дафн кунанд. Беназир Бҳутторо рӯзи панҷшанбе ҳангоми як ҳамоиш дар шаҳри Равалпиндӣ як бомбгузори маргталаб ду маротиба парронда ва сипас бомби бо худ доштаашро мунфаҷир кард, ки дар натиҷа ҳамроҳ бо хонум Бҳутто 20 дасти кам тани дигар кушта шуданд. Парвиз Мушарраф - раиси ҷумҳури Покистон, як ҷаласаи изтирории ҳукуматро баргузор кард ва таввасути телевизион мардуми кишварашро ба оромӣ даъват намуд. Ба хотири марги Беназир Бҳутто дар Покистон се рӯз мотами миллӣ эълом шудааст.
XS
SM
MD
LG